ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ:

бигзор Соли нав барои кишвари мо соли комёбиҳо ва шукуфоӣ бошад

Дар ин рӯзҳо ӯзбекистониҳо аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба халқи Ӯзбекистон ба муносибати Соли Нав табрики солинавӣ мефиристанд. Ҳамватанони дур аз Ватани мо ваҳдат ва муттаҳидӣ нишон дода, ба кишвари худ ва халқи Ӯзбекистон муҳаббату садоқати самимӣ баён мекунанд.
Ҳамватани фаъоли мо Замира ОРТИҚОВА, ки дар Британияи Кабир зиндагӣ мекунад:
– Аз номи ҳамватанони бурунмарзӣ, махсусан дар Британияи Кабир ҳамаи шуморо бо фарорасии соли 2024 самимона табрик мегӯям! Ҳамаи мо як нияту хоҳиш дорем, ки ҳар як оила, ҳар як сокини мамлакатамон ба мақсади наҷиби худ ҳатман расад. Бигзор Ӯзбекистони маҳбубамон ҳамеша гул-гул шукуфад. 
Бигзор соли омадаистодаи 2024 ба Ватанамон файзу баракат, комёбиву бурдбориҳои нав орад. 
Соли нав муборак! 
Ҳунарпешаи синамо, ҳамватан дар Малайзия Далер ҲАМРОҚУЛОВ: 
— Салом, дӯстони азиз! Ман 10 сол боз дар Малайзия зиндагӣ мекунам ва ҳоло ба ҳайси актёр ифои вазифа дорам. 
Имрӯз ман дар чорабиние, ки дар сафорати Ӯзбекистон дар Куала-Лумпур ба муносибати Соли нав ташкил шуда буд, ширкат кардам.
Аз фурсат истифода бурда, мехостам мардуми Ӯзбекистон ва ҳамватанонамон дар Малайзияро бо Соли нав муборакбод намоям! Бигзор он ба ҳама хушбахтӣ, омад ва сулҳу осоиштагӣ биёрад!
Аспиранти мактаби тиҷоратии фаронсавии «ESAM Paris» Ҳумоюн БОБОЕВ: 
– Аз номи ҷавонони Ӯзбекистон дар Фаронса шуморо бо соли ояндаи 2024 самимона табрик мегӯям. 
Соли 2023 барои ҷавонони Ӯзбекистон дар Фаронса соли пурсамар гардид. Аз ҷумла, дар баҳор форуми байналхалқии «Ӯзбекистониҳо. Тавлиди ғояҳо», тобистон – чемпионати гӯштингирӣ барои ҷоизаи Президенти Ӯзбекистон ва як қатор дигар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. 
Фикр мекунам, ки соли 2024 низ пур аз лоиҳа ва нақшаҳои нав хоҳад буд. 
Бигзор Соли нав барои кишвари мо соли комёбиҳо ва шукуфоӣ бошад. Таманно дорам, ки дар тамоми соҳаҳо рушди устувор, бурдбориву комёбиҳои нав ба даст оред. 
Бигзор, табъи идона дар давоми сол ҳеч яке аз моро тарк накунад.
Донишҷӯйи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин Усмонхон Масъудхон:
 – Ҳама ҳамватанонро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик мегӯям. Ба шумо саломатии бардавом, барори кор, бахту саодат  дар таҳсил ва меҳнат муваффақиятҳои калон орзумандам. 
Боиси хушнудист, ки имрӯз мамлакати мо пешравии назаррас дорад. Дар баробари ҳамаи соҳаҳо ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи калон дода мешавад. Мо дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар аз имкониятҳои васеъе, ки барои мо барин ҷавонон фароҳам оварда шудааст, истифода бурда, илм меомӯзем. 
Ҳоло ман дар Чин донишамро такмил дода истодаам. Мехоҳам дар оянда таҷрибаи Чинро дар соҳаи маориф омӯхта, дар рушди минбаъдаи ин соҳа дар кишварамон саҳм гузорам.
Магистранти Донишгоҳи давлатии Новосибирск Шоҳрух Мадаримов: 
– Аз номи донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар Новосибирск таҳсил мекунанд, тамоми ҳамватанони моро бо фарорасии соли 2024 табрик мегӯям! 
Соли 2023 ба охир мерасад – Соли гиромидошти  инсон ва таълими босифат дар ҳаёти мо осори дурахшоне мегузорад. Дар тӯли сол ба шарофати таваҷҷуҳ ба ҷавонон, шароит ва махсусан имкониятҳое, ки барои таҳсили мо фароҳам оварда шудаанд, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем. 
Мо, ҷавонон, кӯшиш менамоем, ки дар баланд шудани обрӯи байналмилалии мамлакатамон ҳисса гузорем. 
Бо истифода аз фурсат, мо ҳамсолони худ, ки дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ҳамватанон ва одамони фидокореро, ки моро дар Ӯзбекистон пайваста дастгирӣ мекунанд, табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорем. 
Бигзор соли 2024 ба ҳамагон хушбахтиву шодӣ оварад, дар кишвари мо ҳамеша сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад! 
Соли нав ба ҳамаи мо муборак бошад!
         
АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: