5 марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ М. Қодирхонова бо ҳайат таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ӯзбекистон Анас Файяд Карман мулоқот анҷом дод.
Қобили зикр аст, ки дар якҷоягӣ бо БРСММ як қатор лоиҳаҳое амалӣ мешаванд, ки ба таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии занон нигаронида шудаанд.
Дар рафти мулоқот ҳолати иҷрои лоиҳаи муштараки “Комёбиҳои баробарӣ бо роҳи дастгирии татбиқи Стратегияи миллии гендерии Ӯзбекистон”, ки аз ҷониби Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Барномаи рушди СММ татбиқ мегарданд, инчунин дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки соли гузашта дар Ӯзбекистон Консепсияи омӯзиши истиқболи баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон (Foresight) таҳия шуда, гурӯҳи миллии коршиносон таъсис дода шуда, дар чаҳорчӯби ин лоиҳа барои Кумитаи гумрук дар доираи татбиқи барномаи ҷаҳонии “Нишони баробарии гендерӣ барои муассисаҳои давлатӣ” дарсҳои маҳорат ва пурсишҳо гузаронида, мониторинги татбиқ ва индикаторҳои мақсадноки (субиндикаторҳо) стратегияи гендерӣ таҳия шуданд.
Зимни мулоқот самтҳои асосии лоиҳа барои соли 2024 баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои баланд бардоштани неруи аъзои Платформаи миллии занони роҳбар, инчунин бонувони роҳбар дар захира, пурзӯр намудани фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, баланд бардоштани сифатҳои роҳбарии намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ равона карда шуд.
Бар ғайр аз ин, дар рафти суҳбат оид ба масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар татбиқи Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2023, лоиҳа ва чорабиниҳои байналмилалии якҷоя амалишаванда мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.