ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИДИ ДАР ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН МУТТАСИЛ БО БЕНЗИНИ АВТОМОБИЛӢ ТАЪМИН КАРДАНИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ВА ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ЯКБОРА БАЛАНД ШУДАНИ НАРХИ ОН

Бо мақсади сари вақт қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба бензини автомобилӣ дар давраи тирамоҳу зимистон, ба эътидол овардани нархи он ва кам кардани хароҷоти зиёдатии аҳолӣ:

1. Ба пешниҳоди Вазорати энергетика, Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати молия ва Кумитаи зиддиинҳисорот оиди аз 10 декабри соли 2022 то 1 марти соли 2023 бо мақсади истисно ҷорӣ кардани ставкаи сифрии андози аксизӣ барои бензини навъи АИ-80, ки ворид карда ва аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истеҳсол карда ва аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ фурӯхта мешавад, розигӣ дода шавад.
2. Ба Инспексияи назорати истифодаи маҳсулоти нафт ва газ, инчунин ба Инспексияи назорати энергетикаи барқи назди Вазорати энергетика аз 10 декабри соли 2022 то 1 апрели соли 2023 иҷозат дода шавад, ки ба тариқи истисно санҷишҳои соҳибкоронро ба далелҳои истифодаи ғайриқонунӣ ва бесамаронаи захираҳои энергетикӣ бидуни дахолат ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо, бе розигии Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкории назди Президенти Ҷумҳуриии Ӯзбекистон гузаронанд. 
Инспексияҳо оид ба назорати истифодаи маҳсулоти нафт ва газ, инчунин Инспексияи назорат дар энергетикаи электр аз рӯйи натиҷаи санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба татбиқ намудани чораҳои ҷазо, ки дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ муқаррар шудаанд, нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба талафоти аз ҳад зиёд ва дуздидани бензин роҳ додаанд, инчунин додани баҳои ҳуқуқӣ ба фаъолияти онҳо тақдимнома ворид намоянд.
3. Сарбанди «в» банди 1-уми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 марти соли 2021 № ҚП-5031 «Дар бораи чораҳои минбаъд ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар равандҳои фурӯши молҳои сифатнок ва монополӣ» беэътибор дониста шавад.
4. Назорат иҷрои карори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ.Т.  Мирзомаҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
12 декабри соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: