Дар ноҳияи Самарқанд расман 74 маҳалла арзи вуҷуд дошта, Шаҳнони қадим, ки садсолаи охир бо номи Оҳалик дар оғӯши кӯҳистони хушҳаво ҷой гирифтааст, табиати зебову нотакрор дорад.
Қадам бар шаҳру деҳоти ватан шодона мемонам,
Зи шамъи ишқи сӯзонаш ба як парвона мемонам.
Дар ноҳияи Самарқанд расман 74 маҳалла арзи вуҷуд дошта, Шаҳнони қадим, ки садсолаи охир бо номи Оҳалик дар оғӯши кӯҳистони хушҳаво ҷой гирифтааст, табиати зебову нотакрор дорад.
Хушбахтона, имрӯз мавзеи мазкур аз баракоти истиқлолият ва дастгириҳои давлату ҳукумат боз ҳам рӯ ба шукуфоӣ ниҳодааст. Агар шумо аз шаҳри Самарқанд сӯи Шарқ нигаред, пеши назар қаторкӯҳҳои Зарафшон бо шукӯҳу шаҳомат ҷилвагар мегардад. Маҳз дар бағали он деҳаи Оҳалик ҷой гирифтааст. Шаҳнон – Оҳалик аз Регистон ҳамагӣ дар 16 километр дуртар мавқеъ гирифтааст.
Воқеан, ин дараи булбулон киҳоро мафтун накардааст. Ҳофизу мутриби маъруф Ҳоҷӣ Абулазиз Абдурасулов харакию аспакӣ ба деҳа омада, бо дӯсту ҳамкасбаш мулло Аҳрорбобо лаби дарё нишаста, аз садои дилнишину гуворои рӯди кӯҳӣ, нағмасароии паррандагони хушхон илҳом гирифта, худ захма ба тор мезаданд, аз ғазалҳои Хоҷа Ҳофизу Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолию Мир Алишер Навоӣ хиргоҳӣ мекарданд.
Устод Садриддин Айнӣ низ дар ин мавзеъ истироҳат карда, аз табиати нотакрор баҳра бурдааст. Ҳоло деҳа ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон ба майдони сохтмон табдил ёфта, иншооти замонавӣ қад афрохта истодаанд. Кӯчаи асосӣ мумфарш шуд, пайроҳаи саломатӣ бунёд гардид.
Доир ба Оҳалик бисёр ривояту ҳақиқат мавҷуд буда, дар китобу рисолаҳои илмӣ сабт ёфтаанд. Адиб Шодон Ҳаниф (ҷояш дар ҷаннат бошад!) дар асари «Розҳои Шаҳнон» таъкид менамояд, ки дар замони қадим амирону вазирон дар ин ҷо ташриф фармуда, истироҳат мекарданд. Бинобар ҳамин, дар гузашта Шаҳнондара ном дошт. Замоне оҳаксангро дар хумдонҳои Шаҳнондара пухта, бо мурури замон деҳа номи «Оҳаклик»-ро гирифта, калимаи мазкур суфта гашта, «Оҳалик» шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки аксари хатмкунандагони мактабҳои Оҳалик дар Тоҷикистон таҳсил гирифтаанд. Докторҳои фан, забоншинос Мукаммал Давлатова, биолог Маматқул Икромов, физик Шодӣ Ҳотамов ва дигарон далели фикри мост. Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Шодон Ҳаниф ифтихори Оҳалик аст. Гарчанд ӯ насрнавис буд, аммо дар мадҳи зодгоҳ шеър ҳам навишта буд.
Ҳоло ҳофизони деҳа Ҳазратқул Ҳамроқулов, Салимҷон Ғиёсов, Шӯҳрат Қаюмзода, Раҷаббой Ӯров дар матни он суруд иҷро мекунанд.
Аммо барои соҳиби илму фарҳанг гардидани мардум хизматҳои Ғаффор Салимов, Халил Мӯъминов, Исмоилзода, Ҷаъфар Расулӣ, Ҳусейн Ғиёсов, Ҷаҳон Ҷамол, Ҳоҷӣ Соҳибназар Назаров, Насим Обидов ва дигарон калон аст, ки ҳоло анъанаи неки гузаштагонро ворисони муносиби онҳо идома медиҳанд.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Оҳалик қариб даҳ истироҳатгоҳи бачагон вуҷуд дошт. Ҳоло ҳамагӣ ду истироҳатгоҳ – «Ситора» ва «Алпомиш» дар фасли тобистон як-ду моҳ фаъолият дораду халос. Кӯҳсор ҳам хеле коҳиш ёфтааст.
Қариб ҳар якшанбе мо, як гурӯҳ ҳамсолону ҳамдилони табиатдӯст азми сафари кӯҳсор мекунем, ки ба анъана табдил ёфтааст. Дар байнамон ҷанговарони диловари байналмилал, табибон, санъаткорон, аҳли фарҳангу илм, варзишгарон ва соҳибони дигар касбу кор ҳастанд.
Дафъаи охир роҳбалади кӯҳнавардон собиқадори таълими халқ, марди шоиртабиат Ҳазратқул Ҳамроқулови қариб 75-сола буд. Ҳангоме ки бо пайроҳаи пурпечутоби оҳугард зина ба зина боло мерафтем, аз манзараи ҳузновари атроф, алалхусус замини бегиёҳ, лучу урён, шохаҳои бебарги дарахтон, ки чорвои гурусна ба ҳамин аҳвол овардааст, диламон ба кӯҳсор сӯхт.
– Ба хароб шудани қиру адир мо худ гунаҳкорем, – оҳи бадард кашид Ҳазратқул Ҳамроқулов, – ёд дорам, солҳои мактабхонӣ дар кӯҳсор рустанӣ бисёр буд. Дар фасли баҳорону тобистон сабза ба зону мезад. Дарахтони мевадору манзаравӣ чунон бисёр буд, ки чашми кас сиёҳӣ мезад. Аз сабаби ба чарогоҳ табдил ёфтанаш на наботот монду на ҳайвонот. Дар ҷавонӣ зира, пиёзи анзур, ревоҷ (чукрӣ), сечак, думи говак чида, бо чашми сар кабки дарӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, ҷайра, ҷиранча, рӯбаҳу шағолро медидем. Рӯду ҷуйборҳо серобу пури моҳӣ буд, ки ба по гузоштан ҷуръат надоштем. Ҳозир ҳатто мор нест.
– Фурсати он расидааст, ки кӯҳсори Оҳаликро мамнӯъгоҳ эълон кунанд, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода. – Ана баъд дар масъалаи эҳёи табиат ба муроди дил расидан мумкин аст. Чанде пеш дар рӯзномаамон муроҷиатномаи як гурӯҳ фаъолон доир ба нигаҳдории табиат эълон шуд. Муаллифон доир ба суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дигаргунии ҷиддӣ ворид намудан ба раванди экология таклифҳои олиҷанобро ба ҳукми аҳолӣ партофтанд.
– Одам агар хоҳад, кӯҳро зада талқон мекунад, – иброз дошт раиси Иттиҳодияи сарбозони байналмилали ноҳия Ҷаъфар Ҷабборӣ, – ба масъалаи ниҳолшинонӣ ҳашари умумхалқӣ эълон кардан лозим. Масалан, мо, «афғонҳо» ба кори хайр камарбаста ҳастем.
– Дарди дили сӯхтаро дилсӯхта донад, – фикри ҳозиронро қувват дод акои Ҳазратқул, – то кай манзараи нохуши кӯҳсор ғазаби касро ба ҷӯш меоварад. Ба ном хизматчии табиат, яъне нозирони идораи экология ҳастанд, вале фаъолияташон эҳсос намешавад. Охир як вақт шеър навишта будам, ки таманнои ҳамаи мо аст:
Мабарад дилро ҳавои кӯҳсори Оҳалик,
Рангбозиҳои гулҳои баҳори Оҳалик.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.