Як ҳайат ба намояндагӣ аз Вазорати маорифи Тоҷикистон дар Оҷонсии таълими томактабии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон пазируфта шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таълим дар муассисаҳои томактабӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз ин ташриф ва баргузории мулоқотҳои кормандони соҳаи фавқуззикр бештар аз ҳама табодули таҷрибаи миёни кормандону мутахассисон мебошад. Зеро агар кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҳарчи бештар фаро гирифта шаванд ва онҳо то пазируфта шудан ба синфи якуми макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ аз таълиму тарбияи кофӣ баҳраманд гарданд, ояндаашон дурахшон хоҳад шуд.
– Дар ҷумҳурии мо 72,3 дарсади кӯдакони аз 3 то 7-сола ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳатто метавонам барои шумо дар бораи минтақаҳое ҳарф занам, ки дар мавриди ҳаҷми фарогирӣ ба муассисаҳои таълими томактабӣ нисбат ба манотиқи дигар ба дастовардҳои бештар ноил гардидаанд. Ба таври мисол, шаҳраки Мӯйноқи Қароқалпоқистон аз зумраи минтақаҳоест, ки ҳаҷми фарогирӣ дар он 100 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт ҷонишини вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон, мудири Оҷонсии таълими томактабӣ Агреппина Шин.
Инчунин таъкид гардид, ки дар кишвари ҳамҷавор ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон ҳудуди 17 фоизро ташкил менамояд ва дар муқоиса бо Ӯзбекистон нишондиҳандаи чандон баланд намебошад.
Ҳайати Тоҷикистон тӯли як ҳафтаи мулоқот ҳамзамон аз муассисаҳои гуногуни таълими томактабӣ боздид ба амал оварданд ва бо кору фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».