“БА ДАЪВАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҲАМОВОЗЕМ!”

Профессорону устодони Донишгоҳи тиббии Андиҷон бо ироаи як муроҷиатнома ба даъватҳои Президент Шавкат Мирзиёев ҳамовоз будани худро эълом кардаанд.

Профессорону устодони Донишгоҳи тиббии Андиҷон бо ироаи як муроҷиатнома ба даъватҳои Президент Шавкат Мирзиёев ҳамовоз будани худро эълом кардаанд. 
Дар муроҷиатнома омадааст, ки дар ин рӯзҳои пурташвиш ва ногувор мардуми кишвар муттаҳид шуда, бо пеш гирифтани сабру таҳаммул зидди пахшу паҳншавии ин беморӣ ҷиддан мубориза мебаранд.
“Дар мубориза бо пандемия давлатҳои абарқудрат низ оҷиз мондаанд. Бо вуҷуди ин, мардуми мо ба ташаббусҳои сарвари давлат ва таклифу пешниҳоди ӯ ҷиҳати мубориза бар зидди ин бемории хатарнок ҳамраъй будани худро намоиш медиҳанд”, зикр ёфтааст дар муроҷиатнома.
Дар он боз гуфта мешавад, ки мубориза беш аз пеш доман фарох кардааст ва дар он сохторҳои давлативу хусусии соҳаи тиб, тамоми идораву муассисаҳо сафарбар шудаанд. Ҳамчунин, шифокорон дар ин самт фидокориҳои беназир нишон медиҳанд, боло рафтани фарҳанги мардум бошад, ба ҳайси силоҳи асосӣ дар ин мубориза хизмати шоистаро анҷом медиҳад.
Ба ибораи Шавкат Мирзиёев “фақат дар натиҷаи сафарбарии босуръату мунтазам, интизоми оҳанин, фарҳанги тиббӣ, ҷаҳонбинии воло алайҳи ин беморӣ мубориза бурда метавонем”.
Профессорону устодони Донишгоҳи тиббии Андиҷон дар ҷавоб ба ин даъватҳои сарвари давлат чораҳои хос пиёда мекунанд ва дар ин шароити мураккаб ба сифати ихтиёриён ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баромада, ба аҳолӣ кӯмакҳои зарурии тиббӣ мерасонанд. Зеро дар шароите, ки мардум ба ёрии тиббии онҳо эҳтиёҷи зиёд эҳсос менамоянд, бар асоси қасамёди худ  ҳақ надоранд, ки тамошобин шуда нишинанд.
Дар он ҳамзамон аз мардуми кишвар даъват шудааст, ки дар шароити кунунӣ ба қоидаҳои карантин қатъӣ риоя кунанд ва дар хона монанд. Зеро ин роҳи ягона ва осонтарини мубориза бо пахши пандемияи коронавирус мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: