Роҳбари давлат дар ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ бори дигар таъкид намуд, ки аз қадимулайём адолат барои халқ мизони осудагӣ ва ҳаёти фаровон, манбаи некӣ аст.
Роҳбари давлат дар ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ бори дигар таъкид намуд, ки аз қадимулайём адолат барои халқ мизони осудагӣ ва ҳаёти фаровон, манбаи некӣ аст. Мусоҳибаи мо бо раиси суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои шаҳрвандӣ Тӯлқин УСМОНОВ дар атрофи ҳамин мавзӯъ ҷараён гирифт.
– Дар Қомуси Асосӣ ва Стратегияи амалиёт ба устувории қонун ва таъмини манфиатҳои ҳуқуқии инсон кафолат дода шудааст, – гуфт Тӯлқин Рӯзиевич. – Тавре ки Президенти муҳтарами мо дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис таъкид намуд, муҳимтарин вазифаҳо барои ояндаи наздик, пеш аз ҳама, мустақилияти комили судҳо мебошад. «Суд бояд қалъаи адолат бошад» гуфта буд, роҳбари давлат. Ва агар мо барои ба даст овардани адолати суд аз нуқтаи назари таъмини риояи қатъии қонунҳо нигарем, аҳамияти суди одил дар ин самт равшан муайян мегардад. Сарвари давлатамон таъкид кардааст, ки «Ҳар касе, ки ба идораи суд меояд, бояд бо боварӣ изҳор кунад, ки дар Ӯзбекистон адолат тантана мекунад. Ин талаботи Президент аст!».
Дар идораи мо шаш нафар доварон ва 12 нафар ёрдамчиҳои онҳо фаъолият доранд, дар давоми шаш моҳи соли равон 1735 парвандаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 719-то кам аст. Бояд таъкид намуд, дар давраи ҳисоботи нимсола 35 низои меҳнатӣ, 80 муноқишаи оилавӣ, 139 хонаву манзил, 223 мулки ҳуқуқӣ ва 121 корҳои гуногун баррасӣ шуданд.
– Тӯлқин Рӯзиевич, сабаби нисбат ба соли гузашта кам шудани парвандаҳои шаҳрвандӣ дар чист?
– Албатта, ин натиҷаи дар байни мардум гузаронидани корҳои тарғиботӣ, фаҳмондани ӯҳдадориҳои онҳо, баланд гардидани савияи дониши ҳуқуқии халқ аст. Мувофиқи реҷа дар тӯли шаш моҳ дар расонаҳои ахбори оммавӣ қариб 10 маротиба баромад кардем. Беш аз 30 фоизи маҷлиси суд ба тарзи сайёр гузаронида шуд. Боз як омили асосӣ – ба маънои асл дар амал татбиқ гардидани принсипи «на мардум ба мақомоти давлатӣ, балки мақомоти давлатӣ ба халқ хизмат кунад» мебошад.
– Ба фикри шумо вазифаи таъхирнопазири довар аз чиҳо иборат аст?
– Ёд дорам. 13-уми июни соли 2017 дар шаҳри Тошканд бо иштироки раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо, вилояту шӯрои олии судҳои ҷумҳурӣ, идораҳои ҳуқуқу тартибот анҷуман баргузор гардид, ки камина низ таклиф шуда будам. Дар анҷумани бонуфуз Президент Шавкат Мирзиёев нутқ эрод намуда, вазифаи мо – доваронро муфассал таҳлил кард. Вай таъкид кард, ки судяҳо барои таъмини суди одилу адолатнок ва устувории қонун масъуланд. Бартарии фаъолияти онҳо бояд ҳалолӣ ва покӣ бошад. Ва ҳангоми ҳал кардани тақдири ҳар як инсон бояд дар шуурамон – адолат, дар забонамон – ҳақиқат, дар қалбамон – покӣ ҳукмрон бошад. Инчунин, ба савганде, ки дар назди халқ ва Президент додем, содиқ мондани мо ҳам қарз асту ҳам фарз.
– Дар сохтори судӣ чӣ навгониҳо татбиқ мегарданд?
– Дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ як қатор самтҳои муҳим ва вазифаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд, ки иҷрои онҳо вазифаи таъхирнопазири ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ба шахсони масъули идораҳои мо супориш дода шудааст, ки системаи судро дар асоси таҷрибаи пешқадам ва меъёрҳои байналмилалӣ аз рӯи принсипи «як суд – як поя» баррасӣ намоем. Воқеан, дар фаъолияти мо татбиқ намудани технологияи рақамӣ самаранокии корамонро зиёд кард. Минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки суд ба маънои том ба қалъаи адолат табдил ёбад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.