7 ноябри соли ҷорӣ вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов бо директори генералии Ташкилоти давлатии кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Абу-Даби, раиси ширкати E20 Investment Limited Саид Ал Амери мулоқот анҷом дод.
Ҷониби аморат ба дигаргунсоҳиҳои солҳои охири Ӯзбекистон баҳои баланд дода, барои дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаи муштарак оид ба созмон додани кластери меваву баттамева миннатдорӣ изҳор кард.
Ширкат ба нақша гирифтааст, ки ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, ки парвариши 6 ҳазор тонна навъҳои серҳосил ва ба содирот нигаронидашудаи кабуд ва хуштаъмро пешбинӣ мекунад, оғоз кунад.
Зимни табодули афкори созанда масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва ветеринарӣ баррасӣ шуданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо омодагии тарафайн барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқ ва оғози барвақти кор дар доираи лоиҳаву ташаббусҳои нав изҳор гардид.
Барои маълумот: E20 Investment Limited ширкати сармоягузорӣ аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва агросаноатӣ тахассус дорад. Дар ин бахш таҷрибаи 20-сола дорад. Зиёда аз 12 филиалро дар бар мегирад, ки лоиҳаҳои сармоягузориро дар Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Африқо амалӣ мекунанд.