СОДАКУНИИ ТАРТИБИ ҶУДО КАРДАНИ ҚАРЗҲОИ ИПОТЕКӢ

Агар ҳар кас ба хонаи худ соҳиб бошад, бо мақсадҳои бузург зиндагӣ мекунад, оилааш осуда мегардад, кораш барор мегирад.

Зеро, хонаву ҷой узви ҷудонашавандаи ҳаёти инсон буда, гарави зиндагии озод дар ҷамъият мебошад. Аз ин ҷост, дар мамлакатамон масъалаи манзил, ки солҳои охир аҳолиро ба ташвиш меорад, яке аз вазифаҳои устувори сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Чунки шахси хонадор ташвиш надорад, дилаш пур аст.
Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо манзил, як қатор қарору фармонҳо ба имзо расиданд. Инчунин, бо мақсади дастгирии моддии аҳолӣ барои манзил қарзҳои ипотекӣ субсидияҳо ҷудо мекунад.
Аммо, вақтҳои охир аз сабаби якбора баланд шудани нархи манзили арзони сохташаванда на танҳо пардохти аввал, балки маблағи қарзи гирифташаванда низ меафзояд. Табиист, шахси камбизоат ва камдаромад имкони гирифтани чунин хонаро надорад. 
Муҳимияти қарори Президент  «Дар бораи чораҳои фароҳам овардани қулайиҳои иловагӣ ба аҳолӣ дар истифодаи қарзҳои ипотекӣ» аз 22 сетябри соли ҷорӣ дар он аст, ки ба дастгирии аҳолии эҳтиёҷманд ва ба беҳтар намудани шароити манзил нигаронида шудааст.
Тибқи қарор, аз 1 январи соли 2023 музди меҳнат ва дигар даромадҳои шаҳрвандоне, ки ба онҳо барои ҷуброни як қисми пешпардохт ва як қисми фоизҳо оид ба қарзҳои ипотекӣ субсид дода шудаанд, ки барои пӯшондани қарзҳои ипотекии барои харид, сохтмон ва таҷдиди манзил гирифташуда ва фоизҳои ба онҳо ҳисобшуда равона карда мешаванд, андоз ва даромади шахсони ҷисмонӣ ситонда намешавад.
Муҳимаш он аст, ки имтиёзи дар қарори мазкур пешбинишуда нисбат ба қарзгиранда ва шарикони қарзгир аз рӯйи даромаде, ки аз нишондиҳандаи 80 баробари музди меҳнати камтарин дар тӯли як давраи андоз зиёд намебошад, татбиқ карда мешавад.
Аз 1 ноябри соли 2022 ба ҷудо кардани қарзҳои ипотекӣ барои аз бозори ибтидоӣ харидани хона дар манзилҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои пудратии сохтмонӣ сохта шудаанд, бидуни шарти супурдан, инчунин пардохти субсидҳо барои ҷуброни як қисми бадали аввал ва як қисми қарзи ипотекӣ иҷозат дода мешавад.
Инчунин, Раиси Шӯ-рои Девони Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо то охири сол барои фароҳам овардаи қулайиҳои иловагӣ ба шаҳрвандон дар ҷараёни хариди манзил ва расмигардонии қарзҳои ипотекӣ, дар асоси таҷрибаи шаҳри Тошканд дар маркази вилоятҳо марказҳои ипотекӣ таъсис медиҳанд.
Онҳо дар марказҳои ипотекӣ чораҳои ҷойгир намудани идораҳои фурӯши ташкилотҳои сохтмониву пудратӣ (девелопер), ки дар минтақа бо сохтмони манзил машғуланд, гӯшаҳо ва кассаҳои бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин идораҳои хусусии нотариалиро мебинанд.
Хулоса, бо ин ҳуҷҷат ҷараёни ҷудо кардани субсид ба аҳолӣ барои хариди манзил, сохтмон ва азнавсозии манзилҳои инфиродӣ рақамӣ гардонида мешавад. Аз ҳама муҳимаш, тартиби ҷудо кардани қарзҳои ипотека сода карда мешавад.

Ботирбек ТӮРАЗОДА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: