«ФИКРИ БАЛАНД МЕКАШАД ҶОНИ МАРО БА ДОР...»

Вақте дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод (алъон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мехондем, (1976-1980), донишҷӯёне, ки ба адабиёт ва эҷод шавқ доштанд, хеле зиёд буданд.

Вохӯриҳо бо Озод Аминзода, Маҳкам Пӯлод, Ғуфронҷон Рустамов, Қурбон Алӣ, Саидамин Ҷило барин шоиру нависандагон, ки дар ҳавзаи адабии Хуҷанд ҷойгоҳи алоҳида доштанд, зуд-зуд ба амал меомаданд. Чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки устод Раҳим  Ҷалил низ фаромӯшнопазир сурат мегирифт.
Идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд»), ки дар он баробари адибон як идда журналистони варзида фаъолият мебурданд, моро ба худ мекашид. Ду сол таҳти сарпарастии Ғуфронҷон Рустамов дар Университети мухбирони коргару деҳқон, ки дар ҳузури редаксия ташкил ёфта буд, шунаванда шуда, то андозае аз ҳадиси рӯзноманигорӣ хабардор ҳам шудем.
Рӯзнома падидаҳои қаламии эҷодкорони вилоятро ба табъ мерасонд. Яке аз шоироне, ки бо нигоштаҳои дилписанд зуд-зуд саҳифаҳои ин рӯзномаро мешукуфонд, Аҳмадҷони Раҳматов буд. Вай бо «саҳли мумтанеъ», яъне бо забону тарзи баёни содаву мазмунҳои бикр эътибори умумро ба худ мекашид.
Аз байн солҳои зиёд гузаштанд. Навиштаҳои Аҳмадҷони Раҳматзод дар сурати шеър ҳамон бо тару тозагӣ ба дилу дидаамон наздик.
Соли 1987 аввалин дафтари шеърии Аҳмадҷони Раҳматзод бо унвони «Баҳори хаёл» ба табъ расид. Маҷмӯаро варақ зада, алоқамандони адабиёту эҷод дигарбора амин гаштанд қадаммониву қаламронии ӯ дар майдони адабиёт ҷиддист. Торафт баҷуръаттар шуданаш дар арсаи эҷод, бештар тавфиқёбиаш бо шарофати дуое, ки аз пирони адабиёт гирифтааст, эҳсос мегашт. Торафт пеш мерафт ва чакидаҳои қаламие, ки дар соҳили Сайҳун тавлид ёфтаанд, бо зарб, мадду ҷазр ва ҷӯшу хурӯш эҳсоси қалбии шеърхонҳоро ба ҷунбиш меовард. Баъде навиштаҳои тозааш дар «Шукуфтасанг» (Душанбе,1990) гирд омада ва ба дасти хонанда расиданд, Хуҷандшаҳр аз пайдо шудани боз як суханвари нуктасанҷ, ки қодир аст рӯҳи Шайх Камолро шод кунад, дилпур ва болидарӯҳ гардид.
Шоири  соҳибдил дар «Ман киям» ном шеъраш мисле дар ин дунё кӣ будани худро ин тавр шиносонд:
Ман дар ин даҳр киям?
Як ҳавасомӯзи дилам!..
Рӯзи ман мегузарад дил ба 
гарав,ҷон ба гарав,
Дӯстам, ҳосили умри гузаронам 
бишунав:
Ба вафо зистаам, сӯхтаам,
сӯхтаам.
Хешро сохтаам ман зи ҳама 
куҳнаву нав!
Пас киям?!
Боз ҳамон ошиқи шӯридадилам,
К-аз ҳама омадаю рафта нишоне 
ба ман аст!
Чун дар ин даҳри дудар 
ҷомбадастам ҳоло,
Боз паймонаи фардои ҷаҳоне 
ба ман аст!
Чанд дафтаре, ки дар оғози садаи бисту як аз Раҳматзод ба дӯстдорони назм армуғон гашт, баробари дархӯрди замон будан ифодагари  розу ниёз, дарду армон, умеду омоли нафароне ҳам буд, ки дар шебу фарози давраи нави таърихӣ гоҳ дилхушу гоҳ дилгарон, гоҳ болидарӯҳу гоҳ хастаҷон ҳампои зиндагианд.Онҳо диле доранд лабрези дард, вале ба хотире, ки ба дигарҳо таъсири нохуш нагузоранд, табассум мекунанд. Бори гарони зиндагӣ ба дӯш доранд, лекин барои он ки бори дигарон сабук созанд, дар талошанду такопӯ: Гоҳ парво бикунам, то дигарон шод шаванд...
«Ашки мармар» ном шеъраш «Дар пояи ҳайкали аллома Бобоҷон Ғафуров» аз дидаи ӯ рехта ва ба дили хонанда кора мекунад:
Ман ашки мармарам, ки чакидам ба барги гул,
Ман ҳарфи мармарам,
ки шукуфтам зи марги гул...
Охир баҳор хун шудаю мармарам 
шукуфт,
Барги хунобхурдагули дафтарам 
шукуфт.
Ман оҳи дафтарам, ки бисӯзад 
дилам аз он,
Ман ашки мармарам,ки бишӯрад 
гилам аз он.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Атахон Сайфуллоев дар бораи ду китоби арзишманди ӯ ин тавр қайд карда буд: «Дар байни маҷмӯаҳои сершумори шоири тавонои мо китобҳои бузургҳаҷми «Ашки мармар» (Хуҷанд, 2002) ва «Номаи мӯҳрбанд» (Хуҷанд, 2010) аз камолоти эҷодӣ, вусъат ва умқи назар, диди волои эстетикӣ, маҳорати нигорандагӣ, мазмуну муҳтавои таърихӣ ва замонавӣ, андешаҳои фалсафӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ, забон ва тарзи баёни рангин ва фасеҳу балеғи сарояндаашон ҳамчун бурҳони қотеъ далолат мекунанд».
«Пояндабурс» унвон гирифта яке аз китобҳои нисбатан мукаммалтараш, ки шеърҳои дар давраҳои гуногун навиштаи ӯро фаро гирифта, аз ҷониби нашриёти «Хуросон» (Хуҷанд, 2015) ҷомаи табъ ба бар кардааст. Балладаи «Ормони пири  ҷангдида» дар оғози ин китоб, гуфтан мумкин, саҳифаест аз «Камонаки Курск», ки хаёлро беихтиёр ба рӯзҳои ошӯбангези Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ мебарад. Воқеае сабаб шуда, дар пеши назари ҷанговари тоҷик Ҳомид Азаматов оташи ҷанги хонумонсӯзе забона мезанад, ки «ҷавонии ӯро сӯхта» буд:
...Мо ҷавон будем, айёми ҷавонӣ 
сӯхт,
Ормонҳо
Номаи секунҷаи дар роҳҳо 
гумгашта буданд.
Ишқҳо, уммедҳо чун
Кафтарони бесару беболу 
белона,
Меҳрҳо бо хун ҳамоғӯшу ба хун 
оғушта буданд.
Қисмати «Бурси сабз»-и «Пояндабурс» (китоб боз қисматҳои «Дар осоишгоҳи «Баҳористон», «Сурудҳо», «Ширангубин», «Гиряи Санг»-ро фаро гирифтааст) бо «Мактаби Айнӣ»-и Раҳматзод оғоз ёфта, ки мегӯяд: «Сармударрис буд Айнӣ, Сармуҳандис буд Айнӣ»...
Баробари шеърҳои ҷудогона Раҳматзод «Бе ваҳдат бимирам», «Китобхудо», «Пайғоми ориён», «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ», «Бародарнома», «Зуҳури Ҳазрати инсон», «Наврӯзнома» барин достону манзумаҳо эҷод кард ва ҳар кадоме аз ин асарҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво хеле ҷолибанд.
Соли 2008 дар Хуҷанд «Номаи сарво»-яш ба табъ расид ва аз ҷониби доираи васеи шеършиносон баҳои баланд гирифт. Барои ин китоб соли 2012 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.
Фаъолияти рӯзноманигории Раҳматзод низ қобили таваҷҷуҳ. Хусусан, солҳое, ки (1976–1991) дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» чун мухбир ва мудири шуъба фаъолият мекард, дар тарбияи истеъдодҳое, ки нони журналистӣ хӯрданианд, саҳми муносиб гузошт. Аз соли 2002 раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад ва мегӯянд бо ибтикори ӯ дар ин байн бештар аз 150 номгӯ маҷмӯаҳои адибон ва муҳаққиқони хуҷандӣ рӯйи чоп дидааст.
Шоири мардумии Тоҷикистон Раҳматзод синни ҳафтодро пур кард. Аз он ки ҳафтодсолагиаш ба 70-солагии бахши вилояти суғдии ИНТ мувофиқ афтод, дӯстони самимиаш гуфтанд «ид болои ид омад, ки ин фоли нек». 
Дар яке аз нишастҳои гирди миз вай рӯзҳои ҷавониашро ба ёд овард. Рӯзҳои ҷавонмуаллимиашро дар дабистони таълими умумии рақами 6-уми ноҳияи Косонсой. Робитаашро бо «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») ва ходимони онвақтаи он хусусан бо Ҷонибеки Қувноқ.
Дар яке аз озмунҳои рӯзномаамон эълоннамуда ғолиб ва соҳиби мукофот ҳам шудааст. «Овози тоҷик» алоқаманди деринааш Раҳматзодро ба ҳафтодсолагӣ муборакбод сохта ва барояш саломативу хотирҷамъӣ, бахту барорҳои тозаи эҷодӣ мехоҳад.

Муҳаммад ШОДӢ, 
узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон 
ва Тоҷикистон.

Ш. ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: