ФЕРМЕР ВА КЛАСТЕРОН СОҲИБИ ҲАҚИҚИИ ГАНДУМ МЕШАВАНД

Халқамон ва давлати мо пойгоҳи Ӯзбекистони Навро бо суръати баланд бунёд менамояд.

Ҳамаи самт ва соҳаҳо дар асоси тамоюли «Барои қадри инсон», ки аз ҷониби Президентамон пеш бурда мешавад, аз нав ислоҳ мегардад. 
Ӯзбекистони Нав пеш аз ҳама, муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ҷаҳонбинии нави иқтисодӣ мебошад. Аз ин сабаб, сохтори иқтисодии мамлакатамон пурра аз нав бунёд гардида, механизмҳои бозаргонӣ бо танзим ба амал татбиқ мегарданд.
Ба хусус, солҳои охир дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ муносибати хоси иқтисодиёти бозаргонӣ ва ҷорӣ кардани механизмҳои рағбатноксозии моддӣ оғоз шуд. Мақсади асосӣ аз тағйиротҳои умумӣ ва мунтазами сектори аграрӣ афзоиши самаранокии соҳа ва таъмини фаровонии дастархонамон мебошад. 
11 майи соли ҷорӣ аз тарафи Президент баргузор шудани ҷамъомад бахшида ба самти муҳими ғаллакорӣ низ эътибори доимӣ нисбати ислоҳоти соҳаи мазкурро нишон медиҳад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои муҳими таъмини манфиатдории фермерон, туфайли баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд гардондани таклифҳо дар бозор муҳокима гардида, баробари натиҷаҳои мусбии дастрасгардида камбудиҳо низ рӯйирост ба забон гирифта шуданд. 
Гуфта шуд, ки ҳам ба ғаллакорон ва ҳам ба корхонаҳои азнавкоркард  сохтори кӯҳнаи ҳолоинаи корхонаҳои ғаллаи давлат самараи хуб набахшид. Таъкид гардид, ки муддати дар истеҳсоли ғалладона зина ба зина бекор кардани супориши давлат ва ба вуҷуд овардани бозори ҳақиқии ғалла, ки халқи Ӯзбекистон ва фермеру деҳқонон дер боз интизор буданд, расидааст.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар ҳолати ҳаллу фасл гардондани корҳои ташкилии зарурӣ аз 1 июн дар хариду фурӯши гандум аз тарафи давлат ба нархҳои бозаргонӣ гузашта мешавад. Ин навигарие мебошад, ки ғаллакоронро хушнуд ва рӯҳбаланд кардааст. Чунки агар ғалла дар савдои биржа дар нархҳои озод фурӯхта шавад, даромади фермерон зиёд мегардад.
Аз бекор дониста шудани супоришоти давлат ва ҷорӣ гардидани механизмҳои пурраи бозаргонӣ деҳқонон манфиатдор мебошанд. Агар онҳо муносиби меҳнат музд гиранд саъю ҳаракат ва майлу рағбаташон ба ғаллапарварӣ пурзӯр мегардад. Имконияти хариди техникаҳои хоҷагии қишлоқ ва технологияҳои пешқадам васеъ мегардад. Пурзӯр гардидани манфиатнокии соҳибони замин имкони афзоиши ҳосилнокӣ ва беҳшавии ҳолати заминро медиҳад. Баробари ҳамин, содироти ғалла кам гардида, валюта сарфа мешавад.
Бо нархҳои озод фурӯхта шудани ғалла орзуи чандинсолаи деҳқонон буд. Ҳоло аз тарафи давлат ба фермерон ва деҳқонон барои ба савдои биржа баровардани ғаллаи рӯёнидашуда ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Нархи як тонна гандум, ки барои захираи давлат харид карда мешуд, аз 1 миллиону 550 ҳазор сӯми соли гузашта барои ҳосили соли ҷорӣ 3 миллион сӯм, яъне ба ду баробар зиёд гардид.
Хурсандиовар аст, ки 500 ҳазор тонна гандуме, ки ба ихтиёри фермерон мемонад, муддате дар корхонаҳои донӣ нигоҳ дошта шуда, бори аввал аз 1-уми июл аз тарафи худи фермер ва кластерон дар нархи бозор ба савдои биржа бароварда мешавад. Дар ин ҷо хароҷоти 500 тонна донро муваққатан нигоҳ доштани корхонаҳои донӣ аз тарафи давлат пардохта мешавад.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, соҳиби ҳақиқии гандум фермер ва кластерҳо мебошанд. Аз ин сабаб, пас аз ин бо баҳонаи иҷро нагардидани нақша ё ки зарур будани хӯрок барои чорво, парранда ва моҳипарварӣ аз дасти фермерон кашида гирифтани гандум дар ноҳияҳо қатъиян манъ карда мешавад. Аз ҳама муҳимаш, ба гандуме, ки тариқи биржа фурӯхта шудааст, байни ҳудудҳо маҳдудият гузошта намешавад.
Халқамон мақоле дорад: «Аз они як – ба ҳазор, аз они ҳазор – ба ҳама». Агар фермер бой бошад, давлат низ бой мешавад. Имрӯз ба туфайли имтиёзҳое, ки ба фермерон дода шудааст, деҳқонон супоришотро мунтазир намешаванд. Чиро, кадом вақт коштан ва чӣ гуна парвариш карданро худи деҳқонон хуб медонанд ва дар ҳамин асос кор мебаранд.
Бо як сухан ифода намоем, барои ба зинаи нав бардоштани ислоҳоти ба баланд бардоштани рақобатнокии соҳаи хӯрокворӣ, хоҷагии қишлоқ нигаронидашуда ва таъмини устувории нархҳои бозори дохилӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Тағйиротҳое, ки бо ташаббуси Президентамон дар соҳаи ғаллакорӣ амалӣ мегардад, барои ба кор андохтани имкониятҳои нав, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кор ва таъмини бехатарии хӯрокворӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.

Актам ҲАИТОВ,
ҷонишини Раиси Палатаи 
қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: