ДАР СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ ВАЗЪИ КОРИ ИМРӮЗА ВА ИСТИҚБОЛИ ОН БАРРАСӢ ГАРДИД

Президент Шавкат Мирзиёев 27 октябр бо тақдимоти корҳои ҷорӣ оид ба вусъат додани фаъолияти геологӣ, нақшаҳои ифшо ва аз худ намудани қитъаҳои истиқболнок шинос гардид.

Дар даст ёфтан ба мақсадҳои рушди саноати ватанӣ таъмини иқтисодиёт бо захираҳои минералӣ аҳамияти муҳимро молик аст. Дар солҳои охир дар ҷараёни трансформатсияи соҳаи геология пойгоҳи моддиву техникии он мустаҳкам гардида, пажӯҳишҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳо пурзӯр карда шуд.
Дар тақдимот ба роҳбари давлат дар бораи иҷрои кор дар соҳа, чорабиниҳои андешидашуда оид ба ҷалби шарикон ва сармоягузорони хориҷӣ барои иктишоф ва аз худ намудани канданиҳои фоиданок ва инчунин нақшаҳои оянда маълумот дода шуд.
Таъкид шуд, ки дар солҳои охир ҳаҷми корҳои иктишофии геологӣ 3 баробар зиёд гардид. Татбиқи чунин усулҳои пешқадам мисли 3D-иктишофи сейсмологӣ, аэрогеофизикӣ, космогеологӣ, геологияи рақамӣ оғоз ёфтааст. Донишгоҳи илмҳои геологӣ ташкил гардид, ки дар он ҳоло 1,5 ҳазор нафар ҷавонон дониш ва таҷрибаҳои замонавиро аз худ менамоянд.
Ҳамзамон пойгоҳи қонунгузорӣ такмил дода шуда, дигар шароити ногузир барои васеъ ҷалб намудани сармояи хусусӣ ба лоиҳаҳои геологӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Аз ҳисоби ин теъдоди соҳибкороне, ки бо ҷустуҷӯ ва аз худ намудани ҳавзаҳои канданиҳои фоиданок машғуланд, 4 баробар афзуд. Танҳо дар соли ҷорӣ ба корҳои геологӣ 180 миллион доллар сармояи хориҷӣ гузошта шуда, қимати умумии лоиҳаҳои татбиқгарданда аз 2 миллиард доллар гузашт.
Гузоришро шунида, роҳбари давлат вазифаҳоеро муайян намуд, ки дар соли оянда дар назди соҳаи иктишофи геологӣ меистанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: