ДАР ФИЛАДЕЛФИЯ МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОТАНТАНАИ БИНОИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ «YATAN» БАРПО ГАРДИД

Дар шаҳри Филаделфияи Амрико (иёлати Пенсилвания) маросими ифтитоҳи расмии бинои маркази фарҳангии ӯзбек «Yatan» баргузор шуд.

Дар чорабинӣ роҳбари иттиҳодияи «Yatan» Шӯҳрат Қодиров, консули генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Ню-Йорк Ҷамил Шарипов, фаъолони ташкилоти диаспораи ӯзбек дар ИМА ва ҳамватанони мо иштирок карданд. 
Тавре ки Шӯҳрат Қодиров қайд намуд маркази фарҳангии «Yatan», ки ҳоло дорои суроғаи доимӣ мебошад, метавонад шабҳои эҷодӣ ва дигар чорабиниҳои муҳимро бо иштироки ҷомеаи ӯзбекҳо дар сатҳи сифатан нав ба мақсади ваҳдати минбаъда ва муҳимтар аз ҳама нигоҳ доштани таърихи бой, анъана ва расму оинҳои халқи ӯзбек баргузор намояд. 
Дар оянда дар пойгоҳи маркази мазкури фарҳангӣ барои ҳамватанон боз намудани маҳфилҳои забон ва адабиёти ӯзбек, инчунин маҳфилҳои гуногуни таълимӣ барои тарбияи насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ва пос доштани Ватани таърихиамон ба нақша гирифта шудааст.
Меҳмонони чорабинӣ изҳор доштанд, ки дар Амрико қарор дошта, саъй мекунанд, саъю кӯшиши роҳбарияти Ӯзбекистонро ҷиҳати ҳифзи мероси ғании таърихию фарҳангии ватани муштаракамон ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд. 
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи феврал дар ноҳияи Бруклини Ню-Йорк бо дастгирии Консулгарии генералии кишвари мо бинои нави маркази забони ӯзбекӣ барои кӯдакон «Ziyo Art», ки дар назди ташкилоти диаспоравии «Mahalla USA» фаъолият мекунад, дарҳои худро боз кард. 

АИ «Дунё»,
шаҳри НЮ-ЙОРК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: