ӮЗБЕКИСТОНИЁН ДАР ПЕКИН НАВРӮЗРО ҶАШН МЕГИРАНД

Ба муносибати таҷлили Наврӯз аз ҷониби Сафорати Ӯзбекистон дар Пекин бо иштироки ҳамватанон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ таҳти шиори «Ҷаҳон бо ту нурафшон гардад, Наврӯз!» ҳамватаноне, ки дар Чин таҳсил ва кор мекунанд, намояндагони фарҳанги Чин ва расонаҳои хабарӣ, инчунин донишҷӯёни чинӣ, ки забони ӯзбекиро меомӯзанд, ширкат варзиданд.
Ба иштирокчиён дар бораи пайдоиш ва таърихи Наврӯз, бахусус анъанаҳои марбут ба ин ҷашн қисса карда шуд. Таъкид гардид, ки ин рӯз оғози Соли нави шарқӣ – қадимтарин ва маҳбубтарин ҷашни мардуми мост.
Дар чорабинӣ мусобиқаҳои футбол байни ҳамватанон, муаррифии фарҳанги миллии ӯзбек, мусобиқаҳои махсус ва бозиҳои анъанавӣ барои кӯдакон баргузор гардид.
Иштирокдорони чорабинӣ инчунин дар бораи моҳияти ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар соҳаҳои мухталиф татбиқ мегарданд ва рушди замонавии ҳамкории Ӯзбекистону Чин шинос шуданд. 
Ҳунарпешаи ҷавони Ӯзбекистон, лауреати мукофоти ба номи Зулфия Ширин Абдуллоева сурудҳои ӯзбекиро иҷро кард.
Меҳмонон аз таомҳои ошхонаи миллии ӯзбек тановул карданд. 
Ҳамватанон таассуроти худро бо мухбири агентии «Дунё» ба ҳам диданд.

Донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Пекин Беҳрӯзбек АБДУНОДИРОВ:
– Бисёр шодам, ки мо Наврӯзро бо ҳамватанонамон бо хушнудӣ ва рӯҳияи баланд таҷлил мекунем.
Бояд гуфт, ки мо дар чорабиниҳои фарҳангии аз ҷониби сафорати мо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳим ташкилшуда ҳамеша фаъолона иштирок мекунем.
Аз рӯи анъана дар байни ҳамватанон мусобиқаҳои футбол ташкил карда шуданд. Инчунин дар ин ҷо суруду таронаҳои миллии худамонро шунида, аз хӯрокҳои миллӣ баҳраманд шудем. Дӯстони хитоии мо лаззати таомҳои ӯзбекиро низ медонанд. Бозиҳои анъанавии бачагон ба ид фазои беназир бахшиданд.
Бо вуҷуди дур будан аз Ватан, риоя кардан ба суннатҳои миллии худ ба мо хушнудии бузург мебахшад.

Донишҷӯйи Донишгоҳи миллатҳои марказӣ Муҳаммадҷон РАИМОВ:

– Имрӯз мо, ӯзбекистониён дар Чин, барои таҷлили ҷашни дӯстдоштаи халқамон – Наврӯз ҷамъ омадаем. Он дар рӯҳияи хеле баланд гузашт. Дар ин ҷо мо дӯстони зиёди нав пайдо кардем ва навгониҳои  мамлакатамонро ба ҳам дидем.
Дар рафти чорабинӣ мо дар мусобиқаи футболи аз ҷониби Сафорат ташкилшуда иштирок намуда, ҷои ифтихорро ишғол кардем. Суруду таронаҳои миллии мо ба ид рӯҳияи махсус бахшиданд.
Ҳама ҳамватанонамонро бо фарорасии Наврӯз муборакбод мегӯем.

Донишҷӯйи Донишгоҳи энергетикии Чини Шимолӣ Самандар САДИЛЛОЕВ:

– Аввалан, тамоми ҳамватанонамонро бо иди Наврӯз табрик мегӯям. Барои таҷлили он мо бо ҳамватанони худ, ки дар Чин таҳсилу кор мекунанд, ҷамъ омадем.
Имрӯз барои мо рӯзи махсус буд. Зеро мо худро боз дар Ватан ҳис кардем. Мо дар бораи навигариҳои охирини мамлакатамон, дигаргуниҳо ва навсозиҳои миқёсан калони соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намудем, аз бозиҳои мил-лӣ, мусиқӣ, суруду таомҳои худ лаззат бурдем. Барои ин вохӯрӣ ба сафоратамон изҳори сипос менамоем.

АИ «Дунё»,
шаҳри ПЕКИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: