ДАР ҲИНДУСТОН РАҒБАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮХТАНИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ МЕАФЗОЯД

Дарси забони ӯзбекӣ дар Донишгоҳи Ҷамияи Миллияи Исламия, Донишгоҳи Деҳлӣ ва Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неру ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷашнвораи байналхалқии забонҳои хориҷӣ, ки дар яке аз муассисаҳои асосии таълими олии Ҳиндустон – Донишгоҳи ҷамияи миллияи исломия ташкил гардид, қайд шуд, ки рағбати донишҷӯёни кишвари мазкур ба омӯхтани забони ӯзбекӣ зиёд мегардад.
Алҳол дарсҳои забони ӯзбекӣ дар Донишгоҳи ҷамияи миллияи исломия, Донишгоҳи Деҳлӣ ва Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неру, ки дар пойтахти Ҳиндустон ҷойгир шудаанд, амал мекунанд. 
Сафири Ӯзбекистон Сардор Рустамбоев дар бораи комёбии ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёти кишвари мо тӯли солҳои истиқлолият, аз ҷумла шароитҳое, ки барои ҷавонон баҳри гирифтани таълими замонавӣ, мутахассисони пешқадаму соҳибтаҷрибаи замони худ гардидани онҳо, миқёси ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мазкур фароҳам оварда шудаанд, нақл кард. 
Масъалаи ҳамкории самарабахши тарафайни байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон дар соҳаи таълими олӣ таъкид гардид. Қайд шуд, ки кори муштарак бобати забони ӯзбекиро омӯхтани ҷавонони ҳиндустонӣ дар робитаҳои дуҷонибаи академӣ мақоми махсус дорад.
– Таърихи ҳиндшиносии кунунӣ дар Ӯзбекистон анқариб 80-солро дарбар мегирад, яъне ба замони дарёфти истиқлоли Ҳиндустон вобаста мебошад, – мегӯяд мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии  шарқшиносии Тошканд Нилуфар Хоҷаева. – Тӯли 20 соли охир забони ӯзбекӣ дар донишгоҳҳои Ҳиндустон низ омӯзонида мешавад. Бинобар ин дастгирии ҳамаҷонибаи курсҳои забони ӯзбекӣ дар ин мамлакат, бо мутахассисони забондон, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳо таъмин кардани онҳо вазифаи рӯзмарра ба шумор меравад. Донишгоҳи мо ба ин ҷараён фаъолона иштирок менамояд. Аз ҷумла, алҳол масъалаҳои ташкилӣ бобати фиристодани муаллими забони ӯзбекӣ ба Деҳлӣ ҳаллу фасл мешаванд. Мо ҳамчунин ният дорем таълими муштараки тарҷумонҳоро ба роҳ монем. 
Мудири департаменти забонҳои хориҷии донишгоҳ, профессор Шаҳид Таслим эътибори ҳозиронро ба хоҳиши азими донишҷӯёни мактаби олӣ бобати омӯхтани забони ӯзбекӣ ҷалб намуд, ӯ қайд кард, ки дар пояи ин робитаҳои таърихии байни ду халқ, тағйироти васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар ҳаёти Ӯзбекистон ба вуқӯъ мепайванданд, ҳамчунин рушди муттасили муносибатҳои ҳиндустониву ӯзбекистонӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд. 
Намояндагони сафоратхонаи Ӯзбекистон ва Донишгоҳи ҷамияи миллияи исломия масъалаҳои вобаста ба минбаъд вусъат додани имконияти дарсҳои забони ӯзбекӣ дар ин муассисаи таълими олиро баррасӣ намуданд. 
Иштирокдорони конфронси байналхалқӣ аз барномаи мусиқие, ки ҷавонон – муҳассилини ӯзбекистонии Донишгоҳи ба номи Г. Д. Гоенки омода кардаанд, бо завқи баланд истиқбол намуданд.

 АИ «Дунё», 
шаҳри ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: