МАРКАЗИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ОИД БА САЙЁҲИИ «САБЗ» ДАР САМАРҚАНД ТАЪСИС МЕШАВАД

Сафири Ӯзбекистон дар Испания Ҷаҳонгир Ғаниев бо котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ (ЮНВТО) Зураб Пололикашвили мулоқот кард.

Дар ҷараёни суҳбат як қатор масъалаҳое, ки ба ҳамкории Ӯзбекистон бо ЮНВТО дахл доранд, аз ҷумла натиҷаҳои иҷлосияи 25-умини Ассамблеяи генералӣ дар Самарқанд, ки моҳи октябр баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.
Зураб Пололикашвили барои дар сатҳи баланд ташкил кардан ва баргузор намудани ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ самимона миннатдорӣ намуд ва онро баланд қадр кард. Вай махсус таъкид сохт, ки «равандҳо ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими кушоиши иҷлосияи 25-умин садо доданд, «харитаи амалиёт»-и ба худ хоси фаъолияти минбаъдаи ЮНВТО мегарданд. «Пешниҳод бобати пешбурди сайёҳии «сабз» ҳамчун даврони нави рушди сайёҳии ҷаҳонӣ сазовори эътибори ҷиддӣ мебошад», – гуфт Зураб Пололикашвили. Бинобар суханони ӯ ҳоли ҳозир аз ҷониби котибият лоиҳаи услубӣ бобати ҷорӣ намудани маҳаки баҳодиҳӣ ба сайёҳии «сабз» коркард мешавад, ки асоси Барномаи байналмилалӣ доир ба сайёҳии «сабз» хоҳад шуд. Вобаста ба ин вай дар пойгоҳи Идораи мавзӯии «Сайёҳӣ дар Роҳи абрешим», ки дар Самарқанд кушода мешавад, созмон додани Маркази байналмилалӣ оид ба сайёҳии «сабз»-ро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ЮНВТО бо маблағ таъмин карда хоҳад шуд.
Зураб Пололикашвили ҳамчунин қайд сохт, ки ҳангоми мулоқот бо Президент Шавкат Мирзиёев дар Самарқанд масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Бухоро ва вилояти Бухоро муҳокима гардиданд. Вобаста ба ин вай тайёрии худро ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба минтақа баҳри татбиқ сохтани лоиҳаҳои вусъат додани имкониятҳои сайёҳии вилоят изҳор дошт. Дар анҷоми мулоқот маросими мукофотонидани сафир Ҷаҳонгир Ғаниев бо нишони хотиравии ЮНВТО барои саҳмаш дар инкишофи ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба амал омад.

АИ «Дунё»,
шаҳри МАДРИД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: