«ОВОЗИ ТОҶИК» ҲАМРОҲУ ҲАМРОЗИ МАН АСТ

Охири солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта, ки давраи бачагӣ ва наврасии ман ба он солҳо рост меояд, дар байни мардум муаллимон обрӯву эътибори хоса доштанд.

Мо ба либосҳои оҳариву бо даста-даста китобу газетаҳо аз мактаб гаштани онҳоро бо ҳавас менигаристем. 

— Канӣ Норбой, дар газетат чӣ навигариҳо? — гоҳо аз амакам, ки муаллим буданд мепурсиданд бобои раҳматиам. Амакам бошад, ҷойҳои ҷолиби диққати газетаро ба бобоям хонда медоданд.
Он солҳо газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва журнали «Машъал» саривақт дастраси мо мешуд. Аз синфи ҳафтум бошад, ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» обуна шудем.
Тирамоҳи соли 1973 бригадаамон ҳосили ғунучини пахтаро дар ноҳия яке аз аввалинҳо иҷро кард. Саркорамон рӯзе бо ҳасрат гуфт, ки «канӣ як мухбир бошаду оиди ин зафар ба газета хабаре нависад». Банда бо ҳавас ба газетаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» хабарчае навиштам. Баъди як ҳафта он рӯйи чопро дид ва хаткашон Рафиқ Самандаров баъди муҳлате барои ин хабар 44 тин музди қаламро ба хона оварда дод.
«Ҳақиқати Ӯзбекистон» (дертар «Овози тоҷик») ҳамроҳу ҳамрози ҳамешагии ман шуд. Пас аз хатми донишгоҳ ҳисоб карда бинам, қисми асосии пахтаи колхозро ҳамдеҳагони ман ҷамъ меовардаанд, аммо дар деҳа ғайр аз як магазини нимвайрон ягон макони маданӣ вуҷуд надошт. Дар ҳисоботи солонаи колхоз дар ин хусус арз кардам, аммо касе арзамро «нашунид». Дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар ин хусус мақолаи танқидие навиштам, ки бо шарофати он дар деҳаамон боғчаи бачагона қад афрохт.  
Рӯзе ба хонаи нав кӯч бастему тараддуди рафтанӣ доштем, ки модари раҳматиам баногоҳ:
— Исто бачем, чизат мондаст, — гӯён аз хона коғази бо мурури вақт зардшударо бароварда доданд. — Ин коғазро падарат дар байни ҳуҷҷатҳои зарурӣ нигоҳ медоштанд, аз они туст. 
Ин ҳамон хабаре буд, ки оиди нақшаи солонаи пахтачинӣ навишта будам...
Солҳои зиёд паси ҳам гузаштанд. Умр ҳам. Дар давоми ин солҳо «Овози тоҷик»-ро аз даст намондам, мақолаҳои Хӯҷамурод Қӯлдошев, Ҷонибеки Қувноқ, Ҳамидҷон Ҳомидӣ, Муҳаммад Шодӣ, Зоҳир Ҳасанзода. Улдон Қараева, Амрулло Авезов, Шоқаҳҳори Муҳаббатзод, Асадҷон Гулов, Тоҷибой Икромов, Абдулло Субҳон ва дигаронро бо завқу шавқи зиёд мехондам.
Имсол дар қатори аввалинҳо ният дорам, ки ба «Овози тоҷик» ва маҷаллаи  «Дурдонаи Шарқ» обуна шаваму ғизои маънавӣ бардорам. Ин нашрияҳо китобхонаи шахсиамро, ки дар он беш аз 3000 адад китоб ҷамъ овардаам, боз ғанитар мегардонанд. 
Муштариёни «Овози тоҷик»-ро даъват мекунам, ки дар кори неки обуна ҳиссагузор бошанд.

Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи ШОФИРКОНИ 
вилояти БУХОРО.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: