ЭЪТИРОФИ ВАРЗИШГАРИ САМАРҚАНДӢ

Чанде пеш дар пойтахти кишвари мо чемпионати Осиё аз рӯи атлетикаи сабук ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи бонуфуз аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Шарифа Давронова аз рӯйи ҷаҳиши сечан ҳамчун «Беҳтарин атлетикачии ҷавони сол» эътироф гардид. Вай дар Туркия дар бозиҳои муттаҳидаи ислом низ пирӯз шуда, медали тилло ва роҳхатро ба олимпиадаи навбатӣ дар Фаронса ба даст оварда буд. 
– Мақсади ман дар Париж ғолиб шудан аст, – мегӯяд Шарифабону. 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: