СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ АФЗУН МЕГАРДАД

Дар тайёр кардан ва таъмин намудан амнияти маҳсулоти озуқаю хӯрокворӣ нақши меваву сабзавот калон аст.

. Ҳоло дар вилояти Ҷиззах ташкилоти «BMB AGROKLASTER» фаъолият мекунад, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Арнасой, Ғаллаарал ва Шароф Рашидов барои ташкил кардани гармхонаҳо, бунёди боғҳо ва бо ин роҳ пайи афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти содиротии меваву сабзавот азм намудааст.
Дар ояндаи наздик қариб дуним ҳазор гектар боғҳои нав барпо карда, барилова майдони маҳсулоти полезиву сабзавотро низ афзун хоҳанд кард. Барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ба хориҷ содир намудани он «BMB AGROK-LASTER» бо якчанд институти илмӣ-тадқиқотӣ ва марказҳои илмӣ, ба мисли Институти микробиология, Институти химия ва физикаи полимерҳои Академияи улуми ҷумҳурӣ ва ғайра ҳамкорӣ мекунад. Ҳадаф аз ин ҳамкориҳо навъҳои нави меваву сабзавотро офаридан ва сифати онҳоро баланд бардоштан мебошад.
Мувофиқи маълумотҳо тӯли нуҳ моҳи охир аз вилояти Ҷиззах  қариб 67  ҳазор тонна ва бо қимати 29,7 миллион доллари Амрико маҳсулоти меваву сабзавот ба кишварҳои хориҷӣ, бештар ба Русия, Қазоқистон, Чин ва Покистон содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 фоиз зиёд аст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: