РАВАНДҲОИ ОМОДАГӢ БА БАҚАЙДГИРИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

26-уми феврали соли 2021 қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба вусъат ва такмил додани пойгаҳи маълумоти статистикӣ дар соҳаи хоҷагии деҳот» ба тасвиб расида буд.

Тибқи ин қарор, пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2024 бори нахуст дар кишварамон дар бахши кишоварзӣ барӯйихатгирӣ ба амал татбиқ карда мешавад.
Дар нишасти матбуотие, ки дар Маркази миллии матбуот баргузор гардид, қайд карда шуд, ки мувофиқи қарор бо мақсади расонидани ёрии ташкилию амалӣ, услубӣ ва илмӣ дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомот ва ташкилотҳои салоҳиятдор гузошташуда, ҳайати комиссияи ҷумҳурӣ оиди бақайдгирии хоҷагии қишлоқ, инчунин ҳайати намунавии комиссияҳои минтақавӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақаҳо ва ба таври умумӣ ҳал намудани масъалаҳои долузарби маҳаллӣ тасдиқ карда шуд.
Раванди бақайдгирӣ дар се марҳила сурат мегирад: омодагӣ, асосӣ ва хотимавӣ. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини давраи омодагарӣ гузаронидани корҳои тарғиботӣ дар маҳалҳо мебошад.
Биноан, қарори Девони Вазирон «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани бақайдгирии таҷрибавӣ дар соҳаи кишоварзӣ» аз 9 апрели соли 2022 қабул карда шуд.
Бақайдгирӣ тибқи қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба вусъат ва такмил додани пойгаҳи маълумоти статистикӣ дар соҳаи хоҷагии деҳот» бо назардошти нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кишоварзӣ анҷом дода мешавад, ки намудҳои фаъолияти иқтисодии объектҳои хоҷагии қишлоқ, захираҳои меҳнатӣ ва хусусиятҳои демографӣ, захираҳои замин ва ҳолати истифода аз онҳо, майдони зироат ва гармхонаҳоро дар бар мегирад.
Мақомоти кории Комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи давлатии статистика – мақомоти ваколатдори бақайдгирӣ дар соҳаи кишовазӣ мебошад.
Бо мақсади таъмини босифати чорабиниҳои бақайдгирӣ дар соҳаи кишоварзӣ, дар соли 2024 тибқи қарори мазкур аз моҳи августи соли 2022 дар ду вилояти ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд ва ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд бақайдгирии таҷрибавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки бақайдгирии таҷрибавӣ бояд дар асоси 6 шакли саволнома, ки тибқи барномаи бақайдгирӣ таҳия шудааст, сурат мегирад.
Бақайдгирӣ – дар ҳудуди Ӯзбекистон дар як вақт аз рӯйи як воҳиди маъмурию ҳудудӣ бо мақсади ҷамъоварии маълумоти боэътимоду дақиқ, дар сатҳи байналмилалӣ оид ба хусусиятҳои гуногуни фаъолияти кишоварзӣ дар асоси усулҳои ягонаи статистикӣ гузаронида мешавад. 

М.МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: