УМРИ ДУБОРАИ МАҲФИЛ

Адибаи хушзавқ ва наттоқи хушсадову хушсимо Саодат Сангинова 22-юми январи соли 1967 дар деҳаи Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиё, дар оилаи марди донишманд ва чашмикордон – Абдусаттор Сангинов таваллуд шудааст.

Адибаи хушзавқ ва наттоқи хушсадову хушсимо Саодат Сангинова 22-юми январи соли 1967 дар деҳаи Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиё, дар оилаи марди донишманд ва чашмикордон – Абдусаттор Сангинов таваллуд шудааст. Оилае, ки Саодат дар он ба воя мерасид, ҳама бародарону хоҳарон хулқи накӯ ва дониши аъло доштанд. Замоне, ки Саодат дар мактаб таҳсил мекард, қиблагоҳаш – Абдусаттор Сангинов раисии колхози ба номи Йӯлдош Охунбобоеви ноҳияи Сариосиёро дар ӯҳда дошт. Саодати наврас аз духтари раис буданаш тафохур намекард ва хоксориву фурӯтаниро зебу зиннати худ медонист. Шефтаи санъату сухан будан ба ӯ имконият фароҳам овард, ки пас аз хатми мактаб, дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе таҳсил кунад. Вай соли 1997 факултаи педагогикаи Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда, чанд сол дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё ба сифати муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва дар байни омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ноҳия ба ҳайси муаллим-методист кору фаъолият кард. Ҳамзамон дар ҷамоати деҳоти «Себзор» бори раисии бонувонро бар дӯш дошт. Ин бонуи хушсалиқа модари 4 фарзанд ва 12 набера буда, бо рафиқи ҳаётии худ муаллим  Насриддин Назиров дар ҳалқаи набераву фарзандон зиндагии бофароғат дорад.
Аввалин чакидаҳои хомаи Саодат, овони дар рӯзномаву маҷалла ва барномаҳои радиоии Тоҷикистон «Насими айём», «Анбоз», «Субҳ» ва маҷаллаи «Бонувон» нашр гардидаанд. Хусусан, соли 1987 дар маҷаллаи «Фирӯза» нашр шудани очерки «Урчуқтарош» ба эҷоди ин духтари шефтаи сухан пару боли тоза бахшид. Ин аст, ки дар чанд соли охир мо тарона, ҳикоя ва мақолаҳои методии муаллимаро пайваста мутолиа менамоем. Соли 2019 бо унвони «Дарс ва хелҳои он» маҷмӯаи мақолаҳои методиаш аз чоп баромад, ки барои кумаки омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ дастурамали муҳим ба ҳисоб меравад. Маҷмӯаи ҳикоя ва таронаҳои ӯ бо номи «Гули бодом» алҳол омодаи нашр аст.
Ӯ яке аз беҳтарин дастпарварони мактаби адабии Абдулло Раҳмон аст, ки бо қадамҳои устувор дар ҷодаи назму наср ва рӯзноманигорӣ пеш меравад. Алҳол ин бонуи сартопо иффату маърифат сарварии таълимгоҳи рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёро дар ӯҳда дорад. Соли сипаришуда Саодат Сангинова барои хидматҳои шоён бо унвони Аълочии таълими халқ ва нишони сарисинагии 30-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон қадрдонӣ шуд. 
Бо мақсади таҷлили зодрӯзи муаллима дар деҳаи Сариҷӯй як гурӯҳ шоирону нависандагон ва эҷодкорони тоҷики воҳаи Сурхон: Мусулмон Ғафурзода, Нарзулло Муродуллоев, Ӯғулой Ҷӯрабоева, Саидаи Синавӣ, Эркин Муқимов, Розия Бадалова, Озода Мусалламова, Саидумар Раҳимзода, рӯзноманигор Ойиша Саидова, ҳофизи шинохта Асадуллоҳи Қаландар, ровии хушзавқ Саидмурод Ҳаев ва алоқамандони каломи бадеъ ширкат ҷуста, дар ҳаққи шахсияти ин бонуи маърифатпарвар ва маҳсули эҷодаш суханҳои самимӣ изҳор доштанд. Саодат  ҳамеша ҳамзабононро ба пайвастагӣ, муттаҳидӣ даъват месозад. Чорабинии ба шарафи зодрӯзи ӯ баргузоршуда ба маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» умри дубора бахшид.
Дар ибтидои солҳои 2000-ум дар воҳаи Сурхон бо сарварӣ ва пуштибонии адиб Абдулло Раҳмон ташкили маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» ба инкишофи адабиёти тоҷики сифатан тозаи замони Истиқлол такони тоза бахшид. Рӯзномаҳои «Садои Сурхон», «Бохтар», «Ховар» дар муаррифии ин ҳавзаи адабӣ нақши муҳим бозиданд. 
«Сарводаи Сурхон» нахустин баёзи шеъриест, ки аз намунаи шеърҳои шоирони доираи адабии Сурхондарё иборат буда, фарогири зиндагинома ва намунаи ашъори 84 нафар шоир мебошад, ки дар сад соли охир дар ҳавзаи адабии ин минтақа зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» тавонист бо тозакориҳои худ дар рушд ва болоравии эҷодии як гурӯҳ ҷавонони соҳибистеъдод тақдирҷунбон гардад. Имрӯзҳо мо бо фахр ва мамнуният намояндагони синну соли гуногун ҳавзаи адабиро, ба мисли Нусратулло Шоҳимардонов, Сулаймон Хоҷаназар, Чоршанбе Бойбӯсинов, Абдулло Раҳмон, Муҳаммадҷон Раҷабӣ, Равшани Эҳсон, Холбой Ҷалил, Муҳаммадҷон Шукуров, Истад Қосимзода, Шодӣ Карим, Ӯғулой Ҷӯрабоева, Исмат Ҳалим, Абдубароти Қодирӣ, Саидаи Синавӣ, Шарифи Халил, Хусрави Саъдулло, Солеҳи Муҳаммадҷон, Олим Панҷизода ба забон гирем, ки дар қалби алоқамандони каломи бадеъ ҷой гирифтаанд. 
Дар поёни маҳфил иштирокчиёни анҷуман барои гиромидошти рӯҳи поки адибони накӯном: Абдулло Раҳмон, Сулаймон Хоҷаназар, Муҳаммадҷон Шукуров ва Шодӣ Карим аз китоби муқаддаси «Қуръон» сурае тиловат намуда, ба рӯҳонияти эшон бахшиданд. 
Дар оянда боварӣ дорем, ки маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» ба рушди адабиёти тоҷики воҳаи Сурхон ва дар майдони сухан пайдо шудани чеҳраҳои нав заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Илҳом ХИДИРОВ,
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: