ДАР ВИЛОЯТ КИШТИ ЧИГИТ ОҒОЗ ЁФТ

Пеш аз кишти чигити баҳорӣ дар ноҳияи Ёзёвон бо иштироки ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ва роҳбарони секторҳои вилоятӣ семинари намоишии таълимӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар хоҷагии деҳқонии «Мезон» ба вуқӯъ пайваст. Дар намоишгоҳи ин семинари таълимӣ-амалӣ тухмиҳои серҳосили пунба ва тухмии зироатҳои дигари кишоварзӣ, намунаҳои нуриҳои кимиёвӣ ва таҷҳизоти барои кишту парвариши зироатҳои гуногун лозима ба маърази тамошо гузошта шуд. 
Баъдан дар ҳамин гуна фазои бошукӯҳ бо иштироки собиқадорони ботаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ, мӯйсафедон, мутахассисони Раёсати кишоварзии вилоят, роҳбарони бахшҳо ва кластерҳои ноҳиявӣ, инчунин фаъолон ва зиёиён дахлдор бо ният ва дуои нек ба кишти пунбадона ҳусни оғоз бахшида шуд. 
– Кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии обу ҳаво ва баъзан боронгариҳои шадид масъулияти деҳқонони моро боз ҳам мушкил мегардонад. Бо вуҷуди ин, дар сурати саъйу талоши дуруст, сари вақт ба замин кишт кардани тухмӣ ва риояи тадбирҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст хоҳад омад. Зимнан пеш аз мавсим маслиҳату машварати коркунони пуртаҷриба натиҷаҳои мусбати худро нишон хоҳад дод, – гуфт Хайрулло Бозоров. – Соли гузашта дар вилояти мо ба ҳисоби миёна 38 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнда шудааст, дар соли равон ҳадафи кишоварзон ноил шудан ба нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баландтар мебошад. 
Маълум шуд, ки имсол дар вилоят дар майдони 77 ҳазору 830 гектар ҳосили кишти пахта гузаронида мешавад. 
Дар семинари мазкур инчунин перомуни амалӣ намудани тадбирҳое мубодилаи афкор сурат гирифт, ки марбути кишт ва истеҳсоли ғалла мебошад.

 

 

 

ҲАМКОРИҲОИ ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР БЕШ АЗ ПЕШ ДОМАН ФАРОХ МЕНАМОЯНД

18 марти соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷониби вазири таҳсилоти олӣ ва инноватсияи кишвар Қунгратбой Шарипов ба ҳузур пазируфта шуд.  Зимни мулоқоти онҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия баррасӣ гардид.

– Аз ҷумла, мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, баргузории конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шӯроҳо оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф мавриди муҳокима қарор дода шуданд, ки ба манфиатҳои ҳар ду кишвари ҳамҷавору дӯст хидмат хоҳанд кард, – мегӯяд А. Раҳмонзода.
Маълум шуд, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро низ баррасӣ карданианд. Ин Форум моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд. А.Раҳмонзода ва Қ.Шарипов масъалаҳои ташкилии баргузории намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро низ дар ҷараёни ин дидору мулоқот ҳамоҳанг намудаанд.
Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол садҳо нафар ҷавонони Ӯзбекистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва ба теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: