ТАРҒИБГАРИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Элмира Расулова дар оилаи духтурон ба дунё омадааст.

Элмира Расулова дар оилаи духтурон ба дунё омадааст. Бобою бобокалони ӯ, ки дар шаҳри Рязани Русия умр ба сар мебурданд, бо табобат машғул буданд. Онҳо дар даври қаҳтию гуруснагии солҳои 30-юми асри сипаригардида аз он ки Ӯзбекистон, ба хусус Тошканд, ба сифати «шаҳри нон» ном бароварда буд, бо умеди дастгирии ҳаёташон ба Ӯзбекистон меоянд. Падари ӯ Рӯзимуҳаммад солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар фронт ба ҳайси духтур-санитар фаъолият дошт. Баъди ҷанг дар самти невропатологияи Донишкадаи тиббии Тошканд таҳсил мегирад. Модараш отоларинголог буд. 
– Вақте сари дасторхон доир ба интихоби касбу кор сухан мерафт, волидон аз ман хоҳиш мекарданд, ки духтур ё физик шавам, – ёдовар мешавад Элмира Расулова. – Солҳои 60-70-уми асри сипаришуда илму фан рушд кард. Ман фанни биологияро, ки ба илми тиб наздик аст, интихоб кардам, зеро барои ман омилҳои ба саломатии инсон таъсиррасон шавқовар буд. 
Элмира соли 1967 ба факултаи биология-хокшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шуд. Солҳои донишҷӯӣ таҳти роҳбарии устодони донишманд бештар ба омӯхтани физиологияи инсон машғул шуд. Соли 1972 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, дар Донишкадаи физиологияи Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон фаъолияти кориашро оғоз кард.
Дар ин ҷо бо роҳбарии олими номвар, профессор Эркин Маҳмудов дар «Лабораторияи физиологияи организми ҷавон» ба амиқ омӯхтани иқлими Осиёи Миёна, таъсири ҳарорати баланд ба организми ҷавон, тобоварӣ ва рушди он дар ҳарорати баланд машғул шуд. 
Дар симпозиум ва конфронсҳои илмие, ки дар миқёси иттиҳод мегузашт, бо маърӯзаҳояш иштирок мекард.
Соли 1983 дар Донишкадаи физиологияи наврасон ва ҷавонони Академияи тиббии Маскав диссертатсияи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя кард. Пас, дар Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон оид ба мавзӯъҳои «Физиологияи одам ва варзишгарон» машғулот гузаронд. Ба мутахассисони самтҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла ба тренерон, устодони фанни тарбияи ҷисмонии мактабҳо ва гурӯҳҳои такмили ихтисос доир ба физиологияи инсон, физиологияи синну сол маърӯзаҳо хонд. Дар ҳаммуаллифӣ бо устодону ҳамкасбон китобҳои дарсӣ ва дастурҳои хониш таълиф намуд.
Элмира Расулова дар Академияи халқии тиббии Ӯзбекистон таҳти сарварии Иброҳим Асқаров ба ҳайси маслаҳатгар доир ба муайян намудани мизоҷ ва тарзи ҳаёти солим  кору фаъолият дорад.
Матолибе, ки Элмира Расулова дар нашрияҳои асосии ҷумҳуриявӣ ба чоп расонд, бахшида ба саломатии инсон, бахусус занон, буд. Дар рисолаҳои илмии ӯ «Маслиҳат ба занон», «Дарозумрии зан» ҷиҳатҳои ба худ хоси физиологияи занон, ки муаллиф ҳамчун мавзӯи асосии фаъолияташ қарор додааст, инъикос ёфтаанд. 
Э. Расулова дар баробари ин, харита-албоми «Растаниҳои шифобахш, ғизоӣ ва манзаравии Ӯзбекистон» ва китоби П. Ентшура «Мувозинати ишқори кислотадор дар организм»-ро, ки ба усули табобат ва хӯроки дуруст бахшида шудааст, ба нашр омода кард.
Ӯ доир ба тарзи ҳаёти солим сухан ронда мегӯяд, ки инсон набояд пурхӯр бошад, хӯрок бояд иммунитети инсонро мустаҳкам намояд, ба организм нерӯ бахшад ва пеши роҳи бемориро гирад. Хӯроквории нодуруст омода кардашуда сабаби пайдошавии беморӣ мегардад. Аҳолии бисёр мамлакатҳои дунё ба тарзи дурусти хӯрокхӯрӣ риоя намекунанд. 
Зиёд гардидани намуди хӯрокҳои бесифат, консервантҳои кимиёвӣ, тамъдиҳандаҳои сунъӣ низ боиси бемориҳо мегардад. Аввало ҳазми чунин таомҳо душвор буда, ба дӯши меъда бори гарон мегарданд. Бино ба фикри мутахассисони соҳа бештарини касалиҳо ба сабаби ҳазм нашудани ғизо пайдо мешаванд. Аз таркиби маҳсулоти хӯрду хӯрок кам гардидани минералҳои табиӣ, микроэлементҳо, дармондоруҳо ва миқдори микронутриентҳо ва дигаршавии ҳолати иқлим касалиҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар китобҳои тиб қайд нашудаанд ва табобаташон низ душвор аст.
Дар байни аҳолӣ остеопароз, анемия, диабет, бепуштӣ барин бемориҳо зиёд шуд, ки асосан аз норасоии калсий, оҳан, хром ва руҳ пайдо мешаванд.
Фаъолияте, ки Элмира Расулова доир ба тарзи ҳаёти солим, интихоби хӯроки дуруст пеш мебарад, ба пешгирии норасоии микронутриентҳо, барқарор намудани саломатӣ ва дидани дарозумрии инсон хидмат мекунад.   

Файзуллои ХУҶАНДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: