Сохтмони неругоҳи барқи обии замонавӣ оғоз ёфт

  • Сохтмони неругоҳи барқи обии замонавӣ оғоз ёфт

Дар чаҳорчӯби сафари Президенти Тоҷикистон маросими оғози сохтмони неругоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон баргузор шуд.

Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба оғози сохтмон асос гузоштанд.

Ин аввалин лоиҳаи бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ мебошад. Нерӯгоҳи замонавӣ бо иқтидори 140 мегаватт дар таъмини бехатарии энергетикӣ, устувории бахшҳои обу кишоварзии кишварҳои мо нақши муҳим хоҳад дошт.

Корҳои муҳандисӣ комилан дар асоси стандартҳои замонавӣ бо ҷалби ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ анҷом дода мешаванд.

Барои иштирок дар маблағгузории лоиҳа ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Лоиҳа иқтидори илмию истеҳсолии соҳаро мустаҳкам менамояд, ҳазорҳо ва ҳазорҳо хонавода ва корхонаҳои навро бо энергияи «сабз» таъмин мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: