ДАР ШЕРГИРОН – КӮДАКИСТОНИ НАВ

  • ДАР ШЕРГИРОН – КӮДАКИСТОНИ НАВ
  • ДАР ШЕРГИРОН – КӮДАКИСТОНИ НАВ

Дар ҳудуди ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Шергирон»-и ноҳияи Бухоро муассисаи таълими томактабии рақами 12-ум ба истифода дода шуд.

Ба ин муносибат дар маросими мутантани кушодашавии он намояндагони ҳокимияти ноҳия, роҳбарони секторҳо, фаъолони маҳалла, падару модарон ва ҷамоаи муассисаи таълими томактабӣ ширкат ҷустанд.
Кӯдакистони барои 90 ҷой пешбинигардида даставвал соли 1977 бунёд шуда буд. Ба сабаби зиёд шудани аҳолӣ ба кӯдакистони нав эҳтиёҷ пайдо шуд. Соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ тибқи лоиҳаи нав барои сохтмони муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 12-ум 4 миллиарду 496 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Бунёди кӯдакистони нави барои 150 ҷой пешбинишударо бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бобур Азамат Темур» ба ӯҳда гирифт.
– Кӯдакистони дуошёнаи замонавии барои бачаҳо бунёдгардида аз эътибору ғамхории ҳамешагии давлатамон ба насли наврас гувоҳӣ медиҳад, – мегӯяд мудири муассисаи таълими томактабии мазкур Зулхумор Раҷабова. – Дар муассисаи нав барои тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон ва ба мактаб омода кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дари хонаҳои саводноккунӣ, майдончаҳои бозию варзишӣ, ошхона, ҷойи хоб ва шабакаи санитарӣ ба рӯйи кӯдакон ҳамеша боз аст. Бо тарбияи тифлон беш аз бист ходиму мураббие, ки аз маҳалла интихоб карда гирифтаем, сарукор доранд.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.
Дар аксҳо: дар кӯдакистони мазкур.
Аксбардор: 
Тоҳир ИСТАДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: