ОДАМИРО ХУЛҚ ДИЛҶӮ МЕКУНАД...

Муҳаммад Ғаззолӣ доир ба тарбияи фарзанд фармудааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир.

Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Омӯзгор Очил Бозоров ва ҳамсари ӯ Шаҳодат Ҳайдарова ба ин гуфтаҳои аллома амал карда, як писару се духтарро некдилу хушгуфтор ба воя расонданд. 
– Падарам дар даст асои чӯпонӣ, санги саҳроро болин намуда, мо – фарзандонро худ нахӯрдаву напӯшида ростқавлу меҳнаткаш, инсонпарвар ба воя расонд. «Роҳи рост бирав, агарчи дур аст», – мегуфт ӯ. – Баъзан диламро чизе фишор медиҳад, солҳои бачагии мо барои табобату истироҳат дар табобатгоҳҳо шароити кофӣ набуд. Орзу мекардам, ки падару модари заҳматкашам дар табобатгоҳҳо дам гиранд, рафъи меҳнату азияти зиндагӣ кунанд. Имрӯз шароит ҳасту афсӯс, падару модарам нестанд..., – гуфта буд Очил Бозоров дар яке аз суҳбатҳо. – Писарам пешаи шифокориро интихоб намуд. Баъзан нисфи шаб беморон дарвозаро мекӯбанд, ё телефон мекунанд. Обидҷон аз хоби ширин дил канда наметавонад, ҷавон-дия. «Хез, писарам, бемор боумед, мадад пурсида меояд, набояд қасами духтуриро фаромӯш кунӣ», гуфта ба ӯ қувва мебахшам.   
– Ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ё ба ягон корхона барои кор ариза супурдан, ҳолати оилаамро «зиёӣ» менависам, ки аз ин ниҳоят фахр мекунам. Падарам дастпарвари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ба нафақа баромада бошанд ҳам, дар мактаби зодгоҳ (мактаби рақами 30-юми деҳаи Сойихурд) омӯзгор ҳастанд. Модарам ҳамшираи шафқат, шабу саҳар дар хидмати ҳамдеҳагон мебошанд. Падару модар фарҳангдӯст ва китобхон бошанд, албатта, фарзандон аз пайи онҳо мераванд, – мегӯяд писари ягонаи ин оилаи зиёӣ Обид Қӯзиев.
Обид баъди хатми мактаби миёнаи рақами 30-юми деҳаи худ ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тиббии Ҷиззах супорид. Коллеҷро бомуваффақият ба охир расонда, барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи тиббии Ҷиззах рафт, вале бахташ омад накард. Фаъолияти шифокориро дар зодгоҳи худ ҳамчун фелдшер оғоз намуд. 
– Аз хурдӣ ба ин касб шавқ доштам, чунки модарамро медидам, ки хилъати сафед ба бар ба корхона мешитофтанд. Ба дарди мардум марҳам шудан, мушкили онҳоро осон намудан ин бахт аст. Духтурони деҳаҳои дурдаст вазифаи шифокори умумиро бар ӯҳда доранд. Шабу нимишабӣ беморони гирифтори касалиҳои гуногун ба ӯ муроҷиат мекунанд, – мегӯяд Обидҷон.    
Ҳамин тариқ, Обидҷон аз устодони худ – хоҳарон Шарофат ва Шаҳодат Ҳайдароваҳо, Қумринисо Мансурова, Тоҷибой Тағоев, Усмон Бакриев ва дигарон асрори касб омӯхт. 
– Одам, ки калонсол шуд, ба бемориҳои гуногун дучор шуда, аз саломатиаш шикоят мекардааст. Қариб ҳар рӯз ба қабули шифокор  Обидҷон мешитобам. Ӯ беморонро хуш қабул мекунад, муносибати хуб, забони ширин дорад. Фишори хунамро санҷида, доруву гиёҳҳои табобатиро тавсия медиҳад. Тарзи хӯрокхӯрӣ, меъёри он, умуман, оиди тарзи ҳаёти солим маслиҳатҳо медиҳад. Аз ҳоли калонсолон зуд-зуд хабар мегирад. Илоҳо, сафи чунин табибони мушфиқу меҳрубон дар деҳаамон, умуман, дар ҷомеаамон зиёд гардад, – мегӯяд омӯзгори собиқадор Бурҳон Ҳайдаров. 
Шоир фармудааст:
Одамиро хулқ  дилҷӯ мекунад,
Сираташ зебо иморат мекунад.
Дору танҳо марҳами бемор нест,
Лафзи ширин ҳам табобат 
мекунад... 
Ҳамсари Обидҷон Аниса китобдори мактаб мебошад.  
– Дар китобхонаи мо китобҳои дарсиву бадеӣ ниҳоят кам, ба ин нигоҳ накарда хонандагон ҳаракат мекунанд хонанд, савод омӯзанд. Ҳоло дар таътили тобистона низ бачаҳо аз мактаб дур нарафтаанд. Бачаҳое ҳастанд, ки китоби гирифтаашонро дар ҳолати ногувор месупоранд. Ба онҳо доир ба тозаву озода нигоҳ доштани китоб, баъди онҳо додару хоҳаронашон низ истифода бурданашро мефаҳмонем, – мегӯяд Аниса.
Обидҷон бо Аниса фарзандон – Шоҳина, Мадина ва Имронбекро китобхону фарҳангдӯст ба воя мерасонанд ва мехоҳанд мисли бобою момоҳои рӯзгордидаашон дар байни халқ боқадру боиззат шаванд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».            
          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: