ДАР БОРАИ ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ХИДМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ ВА БА ЗАХИРА ҶАВОБ ДОДАНИ ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ, КИ МӮҲЛАТИ МУҚАРРАРГАРДИДАИ ХИДМАТРО АДО КАРДААНД

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»:

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»: 
1. Дар моҳҳои март-апрели соли 2021 шаҳрвандони синну соли даъватии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштан ва озод кардан аз хизмати ҳарбиро надорад, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ муносиб, аз ҷумла дорои маҳдудиятҳо, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштан ва озод кардан аз онро надоранд, вале ба мӯҳлати навбатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда намешаванд, ба ҳисоби захираи сафарбарии даъватӣ гирифта шаванд. 
2. Дар моҳҳои март-апрели соли 2021 хидматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлатҳои муқарраршудаи хидмати ҳарбиро адо кардаанд, ба захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон холӣ карда шаванд. 
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В. Махмудов гузошта шавад. 
    
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

    
Шаҳри ТОШКАНД,
11 феврали соли 2021.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: