Тайи чанд соли охир дар сайтҳои интернетӣ ва маҷлису суҳбатҳои дӯстон оиди ба меъёрҳои методиву педагогӣ ҷавоб надодани китобҳои дарсӣ сухан ба миён меояд.
Солҳое, ки дар мактаб ба сифати муаллим шуғл доштам, худ чанд бор шоҳиди ин вазъи ногувор шуда будам. Омӯзгор намедонист бо чӣ роҳу равиш ба хонандагони синфи якум ё синфҳои болоӣ мавзӯи дарсро фаҳмонад. Китобҳо камбудиҳои зиёде доштанд ва имрӯз ҳам доранд, ки ҷойи таассуф аст. Аз ин рӯ, ба баъзе камбудиҳои дурушт назари холиси худро баён карданиям, ки масъулин сари салоҳ оянд.
Китоби дарсии «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» (Китоби дарсӣ барои донишомӯзони синфи 1-уми мактабҳои таълими миёнаи умумӣ, ки Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон ба нашр тавсия намудааст: Нашри нав. Тошканд – 2021. Теъдоди нашр 9220 нусха) – ба дастам расид.
Намедонам, китобро ба чӣ хотир «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» номидаанд, зеро худи ин ном як ибораи душворҳазмест барои хонандаи соли аввали мактабӣ. Хуб, аз ин ҳам чашм пӯшем, дар дохили китоб қариб ягон маводу маълумот ё матнеро дарёфт кардан наметавон, ки мувофиқи номи китоб бошад ва ё хонандаи хурдсол аз он чизе омӯхта тавонад, ки онро «савод» гӯем. Магар намешуд барои фаҳмо шудан номҳои, масалан, «Китоби хониш» (Барои хонандагони синфи якум) ё «Китоби аввал» ё «Ибтидои хониш» ё «Хониши ибтидоӣ» гузошта шавад...
Дар сафҳаи 63-юми ҳамин китоб бо хати сурхи гулобӣ навиштаанд: Хазинаи калимаҳо. Оё чунин номгузории бобу мавзӯъ ё сармавзӯъ дуруст аст? Эҳтимол дар поён нишоне лозим буд?!
Дар ҷое афсонаи «Бузаки Ҷингилапо»-ро оварда, номи бузғола (бузича)-ҳоро бо ҳарфҳои «Т», «Ч», «Ҷ», «Э») зикр кардаанд, ки ман ин номҳоро то ҳол дар ҷое нахонда ва нашунида будам. Гузашта аз ин, як вожаи душворталаффузи нодуруст сохтаанд: «шохҳокам». Беҳтар мебуд «шохҳоям» ё «шохакам»-у «шохаком» гуфта шавад.
Дар сафҳаи 62-юми китоб чунин таъриферо овардаанд: «Номи кишвару масканҳо, одамон, хоси ҳайвонҳо бо ҳарфи калон навишта мешавад ...» Ҳатто омӯзгор дар ибораи ночаспони «хоси ҳайвонҳо» дармемонад ва ҳамин сабаб шуда, ки охири таъриф муғлақу номуайян сурат гирифтааст. Чаро барои фаҳмидану фаҳмондани таърифи исмҳои хос як олам душвориро ба дӯши хурдсолон бор кардан лозим?
Дар худи ҳамон сафҳа омадааст: «Номи аспҳоро нисбати бодпоӣ, чобукӣ, ранг, шиҳаи овоз, намуд дар алоҳидагӣ нависед». Талабагони синни хурди мактабӣ ин супоришро чӣ тавр иҷро мекунанд? Дар поён омадааст: «Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём номҳои хоси аспҳо чунин хонда мешавад:
«Чарма, Сурхчарма, Тозичарма, Ҳинг, Бодҳинг, Магасҳинг, Сабзҳинг, Шабдиз....». Номи аспҳоро худи мо – омӯзгорон ва ҳатто мутахассисон ба пуррагӣ намедонанд!
«Бандкашӣ», яъне чист? Бояд «ресмонкашӣ» гуфта шавад, зеро мо чунин намуди мусобиқаро дорем, ки маҳз рӯзи идҳои миллӣ баргузор мешавад.
Як нуктаи дигар ин аст, ки масъулини ноогоҳ минбаъд бояд расмҳои таҳти матнро мувофиқи меъёр ва одоб гузоранд. Зеро он ба хулқи хонандагон бетаъсир нест. Расмҳои бачаҳои жӯлидамӯй, ки роҳзану мактабгурезро мемонанд, набояд дар сафҳаҳои китобҳои дарсӣ гузошта шаванд. Масалан, расме, ки таҳти мавзӯи «Бандкашӣ» гузоштаанд, намунаест аз тасвири бачаҳои беодоб, ки гӯё дар сафҳа ба хотири дар рӯҳияи беадабӣ тарбия намудани хонандагон гузошта бошанд.
Дар идома доир ба ноӯҳдабароёна навишта (ё баргардон аз забони дигар) шудани китоби «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» (синфи дуюм, қисми 1-ум) сухан ба миён оварданием. Муаллифон: Ҷумъаназар Эшонқулов, Таваккал Чориев. («Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш», синфи 2 (Матн): китоби дарсӣ /Ҷ. Эшонқулов (ва диг.), (қисми 1-ум) – Тошканд: Маркази таълими республика, 2021. 120 саҳ.); (муҳаррир Илҳом Эшонзодаи Насафӣ, теъдоди нашр 8121 нусха).
Нигаред ба сафҳаи 41:
Шарти вазифаи хонагӣ: «Ҷумлаи зеринро ба дафтар бо зебонависӣ рӯбардор кунед».
Беҳтар буд ин хел навишта шавад: «Ҷумлаи зеринро бо хати зебо ба дафтар нависед» ё «Ба дафтари ҳусни хат ҷумлаи зеринро рӯйбардор кунед»...
Аз ин ҳам гузашта, муаллифон дар баъзе сафҳаҳо луғат додаанд ва баъзе калимаҳоро шарҳ додаанд, ки шарҳи калима аз худи калима душвортар аст.
Дар сафҳаи 62 матни «Паланги барфӣ» омадааст: «...ба оилаи гурбамонандҳо тааллуқ дорад. Баъзан ба оилаи гурбаҳои калон дохил карда мешавад». Бовар кардан мушкил аст, ки ба кадом оила мансуб будани ин ҳайвон то ҳол маълум набошад. «Вай 4-5, аксар вақт 2-3 кӯдак таваллуд мекунад». Шояд ин тавр бошад: «Вай аксар вақт 2-3 ва гоҳо 4-5 бача мезояд».
Забони тоҷикӣ дар миқёси забонҳои олам аз ҷумлаи забонҳои бой мебошад, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Аз забон бояд дуруст истифода барем ва аз пеши худ калимаву ибора насозем, ки ояндагони миллат саводи дуруст бароранд.
Нигаред ба саҳифаҳои 63-64. «Хирси қаҳваранг (?) аз моҳҳои октябр ва ноябр то моҳҳои март ва апрел дар ковокиҳои дарахтон, дар сӯрохиҳои зери харсангҳо, дар ҷойҳои чуқури табиӣ ё дар лонаҳои худаш кофта даромада ба хоби зимистона мераванд». Услубан «хонаи худаш» дуруст аст, на «лонаи худаш». Зеро «лона»-ро нисбати паррандаҳо истифода мебаранд, на ҳайвони ваҳшие чун хирс. Инак, давоми матн: «Хирси модарӣ дар лонааш то 2-3 баъзан 1 ё 4 бачаи нимҷон ба дунё меорад.» То он ҷое медонем, дар забони тоҷикӣ ибораи «хирси модарӣ» вуҷуд надорад...
Матни «Уқоб»-ро мехонем: «...ҳангоми болҳояшро кушодан тақрибан 3 метр мешавад. Афроди баркамол қаҳваранги сабук доранд, дар гардан парҳои тунуки дарозрӯй доранд. Поёни болҳояш сафед аст. Нӯлаш сафеди зардтоб, гавҳараки чашмаш сурхчатоб аст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидаанд. Он дар қисмати миёна ва болоии кӯҳҳо дар баландии 2000-2500 метр зиндагӣ мекунад. Дар моҳи феврал онҳо 1 дона тухм мегузоранд ва ҳарду ҷинс пай дар пай як моҳ тухмро 50-60 рӯз зер мекунанд... Он аз ҳайвону паррандаҳои вафот карда ғизо мегирад...» (саҳ. 66-67) Дар ин матн як ҷумла дар шакли ҷамъ ва дигаре танҳо ва ё оғози ҷумла мубтадо танҳо ва охири ҷумла ифодаи ҷамъ. Аз ҷумлае, ки бо ин нигоштаи ҳайратбарангез тамом шудааст, омӯзгор ва хонанда чиро мефаҳмад? «....ва ҳарду ҷинс пай дар пай як моҳ тухмро 50-60 рӯз зер мекунанд». Охир ин ҷо ҳарду банавбат якмоҳӣ болои тухм мешинанд гӯем, ҷамъ 60 рӯз мешавад?! «Он аз ҳайвону паррандаҳои вафот карда ғизо мегирад» гуфтан чӣ маъно дорад?
Чанд мақолу зарбулмасал омехта зикр ёфтаанд, ки бештарашон таҳтуллафзианд. Гӯё муродиф ва ё асли он мақолҳо дар забони тоҷикӣ нест. Гузашта аз ин, воҳиди фразеологии «панҷ панҷаро ба даҳон андохтан» зарбулмасал қаламдод шудааст. (Ниг. саҳ. 95).
Дар ҳайрат меафтед, ки чаро муқарризон камбудиҳои китобро нодида гирифтаанд? Муҳаррир, ки камтар аз муаллиф нест, чаро беэътиборӣ кардааст?! Мо метавонистем аз нуқсонҳои ду китоби мавриди назар чашм пӯшем, вале то ба кай хонандагоне, ки дар мактабҳои тоҷикӣ таълим мегиранд, нисбат ба ҳамсолони худ, ки бо забонҳои дигар мехонанд, камтар дониш гиранд?!
Президенти мамлакат соли 2023-ро «Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим» номид. Магар бо чунин китобҳои дарсӣ имкони ба сифати таълим афзудан вуҷуд дорад? Давлат ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони халқ – омӯхтани асосҳои илм аз буҷети давлат пули калон ҷудо мекунад. Наход ин пул барои таълиф ё тарҷумаи чунин китобҳо сарф карда мешавад?!
Холмурод МУРТАЗОЕВ,
ноҳияи Шаҳрисабзи
вилояти Қашқадарё.