НИШАСТИ ИДМ — МАЙДОНИ БЕНАЗИР БАРОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 октябр дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Дар кори ҳамоиш, ки таҳти раёсати Президенти Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба дар доираи ИДМ табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлатамон дар суханронии худ ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи Иттиҳод як қатор ташаббусҳоро ба миён гузошт.
Президенти Ӯзбекистон аҳамияти истифодаи платформаи нодири ИДМ-ро барои баҳодиҳии муштараки имкониятҳои эҳтимолӣ ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда махсусан қайд кард. Дар ин замина пешниҳод шуд, ки конфронси марказҳои таҳлилӣ ва коршиносони пешрафтаи кишварҳои ИДМ барои таҳияи рӯзномаи нави бисёрҷонибаи дарозмуддат ташкил карда шавад.
Роҳбари кишвари мо зарурати таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои узви иттиҳодро таъкид кард.
Ба муҳим будани ҳарчи зудтар ташаккул додани минтақаи тиҷорати озоди комил дар фазои Созмон бидуни истиснову маҳдудият эътибор дода шуд. Ба ин муносибат таклиф карда мешавад, ки қоидаҳои созишномаи дахлдор таҷдиди назар карда шаванд.
Президенти Ӯзбекистон ба истифодаи самарабахш аз механизмҳои мавҷуда даъват намуда, василаҳои нави ҳавасмандгардонии афзоиши гардиши мол миёни кишварҳоро пешниҳод кард.
Сарвари давлатамон ба таҳияи Маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ оид ба ҳавасмандгардонии сармоягузории мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳо, инчунин баргузории Форуми ҳамкориҳои саноатӣ ва коркардҳои инноватсионии кишварҳои ИДМ ҷонибдорӣ кард.
Ба масъалаҳои шарикӣ дар бахшҳои энергетика ва хӯрокворӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими кооператсия дар секторҳои дахлдори иқтисодиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Пешниҳод шуд, ки Барномаи навшудаи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва Созишнома дар бораи самтҳои асосии кооператсия дар маҷмӯи агросаноатӣ омода карда шавад.
Роҳбари Ӯзбекистон ба тайёр намудани «харитаи роҳ» оид ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ ташаббус зоҳир намуда, оид ба таҳкими робитаи нақлиётӣ ва афзоиши гардиши мусофирону бор тадбирҳои мушаххас муайян намуд.
Аҳамияти муттаҳидсозии талошҳо дар мубориза бо оқибатҳои тағйири иқлими ҷаҳонӣ таъкид шуд. Изҳори омодагӣ карда шуд, ки бахшида ба чолишҳои экологӣ ва таҳдидҳои ИДМ дар ҷараёни Форуми байналмилалии иқлим, ки соли оянда дар Самарқанд таҳти сарпарастии СММ ба нақша гирифта шудааст, иҷлосияи умумӣ ташкил карда шавад.
Дар соҳаи гуманитарӣ пешниҳод шуд, ки дар шаҳри Самарқанд, ки Пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 эълон шудааст, Ҳафтаи фарҳанг, санъат ва кинои кишварҳои ИДМ баргузор шавад.
Соли оянда низ як қатор чорабиниҳои ҷавонон, аз ҷумла мусобиқаи футбол дар шаҳри Тошканд, ки мақоми пойтахти ҷавонони ИДМ-ро гирифтааст, баргузор мешавад.
Дар суханронии худ роҳбари кишварамон дар самти таълим ва рушди табодули сайёҳӣ низ ташаббусҳои муҳимро ба миён гузошт.
Дар хотима Президенти  Ӯзбекистон Президенти Федератсияи Русияро бо қабули раёсати ин созмон дар соли 2024 табрик гуфт.
Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ як қатор созишнома ва қарорҳо қабул шуданд. 
Мутобиқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супоридани мукофоти олии Созмон – Нишони фахрии ИДМ  барои саҳми барҷастааш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории гуногунҷанба баргузор гардид. 
Қобили зикр аст, ки дар чанд соли охир Ӯзбекистон иштироки худро дар фаъолияти Иттиҳод фаъолтар кардааст.
Мамлакати мо ба кори 24 мақомоти ҳамкории соҳавӣ ҳамроҳ шуда, дар фаъолияти 65 сохтори ИДМ комилҳуқуқ иштирок мекунад.
Дар ин давра Президенти Ӯзбекистон дар бисёр самтҳои муҳим қариб 70 ташаббус ба миён гузошт. Аксари онҳо ба шарофати дастгирии кишварҳои узви Иттиҳод татбиқи амалии худро пайдо карданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ  бо Президенти Белорус Александр Лукашенко мулоқот кард.
Масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд.
Роҳбарон рушди босуръати муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Белорусро бо қаноатмандӣ қайд карданд. Нишондиҳандаҳои гардиши моли мутақобила афзоиш ёфта, татбиқи лоиҳаҳои кооператсия дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт идома дорад. Дар соҳаи фарҳанг, кинематография ва варзиш чорабиниҳои мунтазами муштарак гузаронда мешаванд.
Сарони давлатҳо ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла ташкили ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, Форуми минтақаҳо ва мулоқоти ректорони донишгоҳҳои бонуфузи Ӯзбекистону Белорус муҳим будани андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшударо таъкид карданд. 
Оид ба ҳамкориҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Нақшаи чорабиниҳои дар пешистода низ баррасӣ шуд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом ёфт. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: