Латифаҳо

Гум шав аз назарам

Омӯзгор:
– Собир, ту ҳеч чизро намедонӣ, ба ҷойи сар кадуро бардошта гаштаӣ. Баҳоят ду.
Собир:
– Дилбар Исломовна, истеъдоди шумо истеъдоди худодод аст. Охир дар давоми сол шумо манро ба имтиҳон тайёр кардед. Ҳеч дар тасаввурам намеғунҷад.
– Хайр шуд, гиря накун, баҳоят се.
– Соли гузашта омӯзгори беҳтарини сол будед. Барои ҳама намунаи ибрат!
– Баҳоят чор, дигар набинамат.
– Муаллимаҷон, шумо ғолиби озмуни омӯзгорони мамлакат будед. Педагогҳои кишвар таҷрибаи шуморо меомӯзанд...
– Бепарво нашав, дарсҳоро саривақт аз худ намо. Бисёртар китоб хон.
– Боварӣ ба одам пару бол мебахшад, ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав даъват менамояд.
– Баҳоят панҷ, гум шав аз назарам!!!

Гумони бад

Хонандагони синфи 5«б» дар Рӯзи омӯзгорон ба роҳбари синф 15 дона шакалод ва 5 қуттӣ конфет туҳфа карданд.
Омӯзгор дар танҳоӣ худ ба худ андешид: «Бачаҳо, аз афташ, маро дӯст намедоранд. Охир метавонистанд дигар чиз туҳфа кунанд. Онҳо маро ба бемории қанд гирифтор карданӣ».

Якчашмаҳоро намегиранд

Омӯзгор:
– Тайёр шавед, бачаҳо, диктант менависем.
Расулов:
– Устод, қаламам дар хона мондааст. 
Омӯзгор хост қалами худро ба ӯ диҳад:
– Расулов, ман ҳозир қаламамро ба сӯйи ту ҳаво медиҳам, ту бояд суҳбататро бо Неъмат қатъ карда, онро дорӣ. Вагарна аз ту сарбоз намебарояд.
– Ҳоло ҳамаро ба сафи лашкар мегиранд.
Омӯзгор:
– Якчашмаҳоро намегиранд.

Фанерро кӣ шикаст?

Муаллими меҳнат ба сари бачаҳо дод зад:
– Кӣ фанерро шикаст? Такрор мепурсам: фанерро кӣ шикаст?
Талабае:
– Шояд шумо оинаро дар назар доред?
– Не, дина оинаро шикаста буданд, ман дар ҷояш фанер гузошта будам. Фанерро кӣ шикаст?

Боварӣ

Директор дар шӯрои педагогии мактаб гуфт:
– Шумо хабар доред, ки хатмкардаи мактаби мо фабрикаи нодиреро ихтироъ кардааст. Он маводи мухаддири синтетикӣ истеҳсол менамояд.
Омӯзгори адабиёт:
– Хонданро дӯст намедошт. Бубинед, аз ӯ одами хуб набаромад.
Омӯзгори таърих:
– Хотираи таърихӣ надошт. Мана, бубинед, номаш дар таърих ба гандагӣ баромад.
Омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ:
– Варзишро бад медид. Инак, лағжида ба вартаи маводи мухаддир афтод.
Омӯзгори кимиё бо рӯмолчааш ашкҳояшро поккунон изҳор дошт:
– Ман танҳо ба ӯ бовар доштам, ки пеш меравад.

Тарҷума ва таҳияи
К. АБДУЛЛОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: