ЗАН ШАБЕҲИ БАҲОР АСТ

Баҳор – яке аз фаслҳои сол, аз рӯйи тақвими соли милодӣ – моҳҳои март, апрел, майро дарбар мегирад.

 Баҳор фасли зеботарини сол ба шумор рафта, ин фаслро зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд. Ба муносибати фарорасии баҳор дар кишварҳои ҷаҳон иду маросимҳои халқӣ гузаронда мешавад, онҳо якдигарро мубораку шодбошиҳо мегӯянд. Дар васфи баҳор шоиру нависандагон, адибони зиёде шеъру тарона мегӯянд:
Баҳор омад ба некрӯзӣ,
Бичин гулҳои наврӯзӣ.
Бипӯш тоқии гулдӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Дар ин фасл якчанд идро ҷашн мегирем. Яке аз онҳо 8 март – Иди модарон мебошад.
Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт. 8 марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзор ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд. Таърихи ҷашнгирии иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд. Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, бино ба Соли байналхалқии занон, 8 Мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Ӯзбекистон низ чун анъана дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Аз сӯйи дигар ба он ишорат меравад, ки сиёсати давлат низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии моро мавриди татбиқ қарор гирифта, мавқеи бонувонро баланд арзёбӣ намудааст.        
Бахшида ба фарорасии баҳор, иди бонувон дар гӯшаю канори мамлакат чорабиниву гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд. Бо ташаббуси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ «Суғдиён» чорабинии бошукӯҳ бо номи «Зан шабеҳи фасли баҳор аст» гузаронда шуд. Дар он намояндагон аз марказҳои милливу фарҳангии миллатҳои мухталифи кишвар, бонувони фаъол ва соҳибкор, муаллимаҳои собиқадор, меҳмонон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ҳозир буданд. Иштирокдорон доир ба баҳор, дӯстию ҳамдилии миллатҳо ҳарф заданд. Занони солхӯрда ба диёри озоду обод, осудаамон чашм нарасад гуфта, шукрона гуфтанд. Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони Чирчиқ Орзугул Абдураҳмонова бо ҳомигии чанд нафар соҳибкор барои меҳмонон суфраи баҳорӣ паҳн намуда, онҳоро хайрамақдам гуфт.
– Оре, чунин гирдиҳамоиҳои дӯстона ба диёре, ки мардумаш меҳнаткашу меҳмондӯст ва ватанпарвар аст, мезебад. Роҳбари давлатамон барои мо – модарон, занону духтаронамон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Заминамонро Аллоҳ аз чашми бад нигоҳ дорад. Барои ҳамаи шумоён ид муборак бошад, – гуфт муаллимаи собиқадор аз деҳаи Испайи ноҳияи Бӯстонлиқ Турдиҷонапа.
Ба чорабинӣ баромади дастаи ҳунарии «Остин», аз деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка ва донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии ДДОЧ шукӯҳи тоза бахшид.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: