СОҲИБКОРОН БА СОҲАИ ТАЪЛИМ БЕФАРҚ НЕСТАНД

Дар кишварамон соҳибкороне ҳастанд, ки маблағи худро натанҳо барои фарвонии рӯзгори худ, кумак ба маълулону дармондагон, балки барои соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа сарф намуда, сиёсати ҳукумати феълиро дар робита ба баланд бардоштани сифати таълим амалан тақвият медиҳанд.

Дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Ойдин»-и ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё филиали мактабе мавҷуд буд, ки соҳиби 80 ҷойи хониш ва илова бар ин солҳои охир ба таъмири куллӣ ниёзманд гашта буд. Ҳолати риққатовари мактаб боиси эътирози барҳақи волидон мешуд. Ин бинои мактаб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нурбек Эргашев, ки роҳбари Коргоҳи дорои масъулияти маҳдуди «Султон текс» аст, дар муддати кӯтоҳе бознигарӣ шуда, ба як маскани илму маърифатомӯзии ободе мубаддал гашт. Соҳибкори саховатманд ба дабистони мазкур биноҳои наве изофа намудаву шумори ҷойи таҳсилро ба 160 расонд ва кунун маҳаллаи «Ойдин» соҳиби мактаби наве шуд, ки дар феҳрасти Шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия таҳти рақами 44 сабти ном гардид. Ин амали неки соҳибкор дар оғози соли хониш ба кулли донишомӯзони маҳаллаи мазкур туҳфаи хубу хотирмоне шуд. Ҳоло дабистони мазкур соҳиби ҷиҳози комилан наву замонавии хониш, китобхонаи алоҳидаи ҷавобгӯйи меъёр, синфи муҷаҳҳази компютерӣ, дафтарҳои алоҳидаи вобаста ба омӯзиши касбу ҳунар ва майдончаи варзишии минифутбол мебошад. Дар расми кушоиши ин мактаб ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов ширкат варзида, хидматҳои соҳибкор Нурбек Эргашевро дар робита ба ҳамовозиаш ба қарору муроҷиатҳои Президент барои пешбурди соҳаи таълим ситоиш намуд ва намунаи беҳтарини масъулияти як шаҳрванд дар назди халқу Ватан номид.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: