«Le Figaro»: Ӯзбекистон яке аз камтарин кишварҳоест, ки дар соли 2020 ба пешгирии буҳрон муваффақ шуд

Нашрияи маъруфи фаронсавии «Le Figaro» мақолаеро таҳти унвони «Кишварҳое, ки дар соли 2020 аз таназзул наҷот ёфтанд» ба табъ расонид.

Нашрияи маъруфи фаронсавии «Le Figaro» мақолаеро таҳти унвони «Кишварҳое, ки дар соли 2020 аз таназзул  наҷот ёфтанд» ба табъ расонид. Дар он қайд мешавад, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз камтарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус аз таназзул наҷот ёфт.
Дар мақола қайд мешавад, ки бинобар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ММД ҷаҳон 4% коҳиш ёфтааст. Рукуди иқтисодӣ, ки соли гузашта ҷаҳонро фаро гирифт, пас аз ду ҷанги ҷаҳонӣ дар сатҳи бесобиқа қарор дорад. «Аз Аврупо то Амрико, аз Африқо то Осиё ягон қитъа аз ин зарбаи таърихӣ халос нашудааст. Ба навиштаи «Le Figaro», танҳо чанд кишвар тавонистанд бо «сунамии сайёра» тоб оварда, дар соли душвори 2020 ба рушди иқтисодӣ муваффақ шудааст.
Рӯзноманигори нашрия Армел Бохинест қайд мекунад, ки се давлати Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, дар соли 2020 фаъолияти мусбати иқтисодӣ нишон доданд.
«Роҳбарияти Ӯзбекистон тавонист чораҳои фаврӣ андешад, аз ҷумла зиёд кардани хароҷотро барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва соҳаи тандурустӣ зиёд гардонад ва ба корхонаҳои хурду миёна барои мубориза бо COVID-19, мувофиқи маълумоти Фонди байналмилалии асъор кӯмаки назаррас расонд.
Роҳбари ин кишваре, ки дорои захираҳои бойи табиӣ (гази табиӣ, металл, нуриҳои минералӣ, пахта) ва иқтидори баланди сайёҳӣ мебошад, дар солҳои охир ислоҳоти густардаи иқтисодиро ҷиҳати баровардани кишвар аз модели «идоракунии сахт», ки то соли 2016 ҳукмфармо буд, идома медиҳад», гуфта мешавад дар мақола.
Ба навиштаи «Le Figaro» Бонки ҷаҳонӣ 22 кишварро, аз ҷумла Чин, Туркия, Ветнам ва дигар кишварҳоро номбар кардааст, ки дар соли 2020 аз таназзул наҷот ёфтанд.
«Le Figaro» рӯзномаи пешрафтаи фаронсавӣ, ки соли 1826 таъсис ёфтааст, як бозигари муҳим дар иттилооти рақамӣ ва пешсафи сайтҳои хабарӣ мебошад, ки ҳар моҳ аз он тақрибан 23,5 миллион нафар боздид менамоянд. Теъдоди рӯзнома 329 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: