ГИРДИҲАМОӢ БАҲРИ МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ДӮСТИВУ КУШОДАДИЛИСТ

Яке аз самтҳои сиёсати миллии давлат мустаҳкам намудани муносибати халқияту миллатҳо ва барои рушду ривоҷи онҳо шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардан ба шумор меравад.

Яке аз ташкилотҳое, ки сиёсати миллиро бевосита ба ҳаёт татбиқ менамояд, Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ мебошад.
Чанде пеш дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии ҷумҳурӣ  оиди корҳое, ки кумита дар соли 2022 самаранок ба анҷом расондааст, бахшида ба ҳамин мавзӯъ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. 
– Имрӯз кумита бо 152 маркази миллӣ-фарҳангӣ, 38 ҷамъияти дӯстӣ ва 38 ҷамъияти ҳамватанони хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монда, баҳри ҳифзи таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, урфу одат ва дар ин замина барои мустаҳкам намудани дӯстиву кушодадилии миллатҳо ҳиссаи худро мегузорад. Кумита дар асоси механизми «дипломатияи халқӣ» корбарӣ намуда, баҳри ҳифзи ҳаёти осудаву фаровон, рушди муносибатҳои дӯстона  ва алоқаҳои маданиву маърифатӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ як қатор корҳоро ба иҷро расонд, – гуфт ҷонишини раиси кумита Азамат Тошев. – Аз ҷумла, соли гузашта лоиҳаи 14 ҳуҷҷати консептуалӣ тайёр карда шуд. Бахусус, лоиҳаи 1 қонун, 1 фармон ва қарори Президент, 11 фармону қарори ҳукумат таҳия шуд. 30 июли соли гузашта Рӯзи дӯстии халқҳо ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат 30 нафар намояндагони миллатҳои мухталиф бо мукофотҳои давлатӣ, 283 нафар ҳамватанон ва ҳамкорони хориҷӣ, 39 нафар ҳамватанони фаъол бо нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» тақдиронида шуданд. 
Мушовири раиси кумита Зафар Аҳмедов доир ба беш аз пеш мустаҳкам намудани муносибатҳои байни мамлакатҳои хориҷӣ ва корҳое, ки дар ин самт иҷро шудаанд, ҳарф зад. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки дар соли гузашта бо ташкилотҳои ҳамкори хориҷӣ наздик ба 100 чорабинӣ баргузор шуд. Дар 14 конференсияи байналхалқӣ, 8 симпозиум, 15 семинар иштирок намуданд. Кумита таҳти шиори «Дар оилаи ягона» бо намояндагони миллатҳои мухталифи ҷумҳурӣ, бо ҳамкории марказҳои миллӣ-мадании шаҳру вилоятҳо ҷамъ 8177 чорабинӣ, анҷуман, суҳбати мизи мудаввар, пресс-турҳо баргузор намуд. Инчунин  таъкид гардид, ки ҳамаи ин гирдиҳамоиҳо баҳри мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва кушодадилии миллатҳо нигаронида шудааст. Гуфта шуд, ки дар ин тадбирҳои дӯстӣ  ҳиссаи марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон, қазоқон, туркман, қароқалпоқ ва дигарон калон аст. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: