БУНЁДКОРИҲОИ МАҲАЛЛАИ БУНЁДКОР

Президент Шавкат Мирзиёев 18-19 феврали соли равон бо мақсади шиносоӣ ба иҷрои вазифаҳо, омӯхтани шароити маҳаллаҳо, муайян кардани нақшаҳои минбаъда бо назардошти ҳалли мушкилоте, ки аҳолиро ба изтироб меорад, ба вилояти Намангон ташриф оварда буд.

Президент Шавкат Мирзиёев 18-19 феврали соли равон бо мақсади шиносоӣ ба иҷрои вазифаҳо, омӯхтани шароити маҳаллаҳо, муайян кардани нақшаҳои минбаъда бо назардошти ҳалли мушкилоте, ки аҳолиро ба изтироб меорад, ба вилояти Намангон ташриф оварда буд. 
Дар чаҳорчӯбаи ташриф аз маҳаллаи Бунёдкори шаҳри Намангон дидан кард ва норасоиҳо дар ин маҳалларо зери танқид гирифт. Дар ин ҷода аз роҳбарони секторҳо масъулият талаб кард.
Алҳол дар маҳаллаи Бунёдкор зиёда аз 2 ҳазор хонадон, қариб 12 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунад, корҳои сохтмону таъмир муташаккилона давом менамояд, ҳудуди маҳалла ба майдони бунёдкориҳо табдил меёбад. Аз шаҳру ноҳияҳо, корхона ва муассисаҳои гуногун қариб 3 ҳазор нафар мутахассисони соҳибмалака ва ҳашарчиён даъват гардида, онҳо бо ғайрати дучанд меҳнат мекунанд.
Ҳоло бо масофаи 4,5 километр роҳ шағал хобонида, 93 сутуни бетонӣ гузошта шуда, ба 3,1 километр хати энергияи барқ кашида, 200 метр хати гази табиӣ таъмир гардида, 6 трансфарматори нав гузошта шудааст. 1 ҳазору 158 хонадон бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуд. Дар маҳаллаҳои Ёшлик ва Мустақиллик, ки бо маҳаллаи Бунёдкор ҳамҳудуд аст, дар масофаи 8 километр ҷӯйбор тозаву озода гашт. 
Корҳои васеъмиқёсе, ки дар ҳудуди маҳалла амалӣ мегарданд, барои беҳтар кардани инфрасохтори иҷтимоӣ, хидматрасонии коммуналӣ, бошуғлфарогирии аҳолии маҳаллаҳо пешбинӣ шудааст. Аз тарафи ҳокимияти вилоят барои ташкил кардани корхонаҳои саноатӣ 13 гектар замин ҷудо карда шудааст. Инчунин, аз маркази маҳалла барои бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ, нуқтаҳои хидматрасонии савдо ва маишӣ, аз ҷумла сехи дӯзандагӣ, косибхона, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон ва ҳунармандии миллӣ 60 сотих замин ҷудо карда шудааст. Чанде пеш дар ин ҷо барои сохтмони минтақаи хурди саноатии «Ёшлик» хишти аввал гузошта шуд ва филиали Маркази хидмати давлатии шаҳри Намангон ба фаъолият шурӯъ кард. 
Баробари амалӣ гардидани лоиҳаҳои пешбинишуда 3 ҳазору 500 нафар аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ фаро гирифта мешавад.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯихати «Дафтари занон», «Дафтари ҷавонон», «Дафтари оҳанин» сабт ёфтаанд, ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Аз тарафи садорати хоҷагии ҷангали вилоят зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳоли бодом, шафтолу, себ, беҳӣ, зардолу шинонда мешавад.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.
Суратгир: Ҳ.МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: