ҲАМКОРИҲО ДОМАН ПАҲН МЕКУНАНД

Бо ташаббуси сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев бо мамлакатҳои дунё дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳо вусъат ёфта, муносибатҳои дӯстона ба роҳ гузошта мешаванд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо нафақат барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва фаровонии аҳолӣ, балки ривоҷи робитаҳои дӯстона байни мамлакатҳо хидмат мекунанд. 
Ба қарибӣ гурӯҳи меҳмонон бо сарварии губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев ба вилояти Намангон ташриф оварданд.
Меҳмонон дар маҷмӯи варзиши «Паҳлавон»-и шаҳри Намангон бо намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатӣ, ҳунармандӣ ва хоҷагии қишлоқи вилоят шинос шуданд.
– Дар ярмаркаи маҳсулоти хунармандӣ ва хоҷагии қишлоқ кордҳои миллии Чуст ва лаган, дигар намудҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ба меҳмонон писанд омад. Дар ин ҷода бо соҳибкорон шартномаҳо ба имзо расиданд, – гуфт раиси Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Намангон Ҷаҳонгир Валиев. – Инчунин аз ҳисоби меваву сабзавоти ноҳияи Чортоқ дар вилояти Свердловск кушодани Маркази савдо ба нақша гирифта шуд.
Меҳмонон дар филиали факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Урал, ки соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Намангон ба фаъолият шурӯъ кард, бо донишҷӯён мулоқот ороста ва ба онҳо гувоҳномаи донишҷӯӣ супурданд.
Дар Маркази маданияти ноҳияи Тӯрақӯрғон дастпарварони мактаби ихтисосонидашудаи санъати Намангон бо садои оркестр меҳмононро пешвоз гирифтанд. Суруду рақсҳои ҷамоаи «Уралский хор»-и вилояти  Свердловск ба ҷамъомадагон писанд омад.
Дар маҷмӯи тантанаҳои «Шодиёна»-и шаҳри Намангон ба муносибати ташрифи меҳмонон чорабинии идона баргузор гардид. Дар тантана ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Хайрулло Бозоров ва губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев ба сухан баромаданд.
Бо иштироки санъаткорони ду вилоят барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: