ЭЙ, САМАРҚАНДИ АЗИЗ, ФАХРАМ, КИ ФАРЗАНДИ ТУАМ...

Дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри бостонӣ тантанаҳо идома ёфта, нақлиётҳои ҷамоатӣ ба аҳолӣ хизмати бепул расонда ба манзилашон бурданд.

Дар назди пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар мавзӯи «Самарқанд – гавҳари Шарқ» мушоираи шоирону мухлисони каломи бадеъ ба вуқӯъ пайваст. 
Ин ҳама ба шарофати Рӯзи шаҳри Самарқанд – 18 октябр буд.
Дар хиёбони донишгоҳ баромади санъаткорон ташкил ёфт, ки ҳофизони номдор баромад карда, ба меҳмонону мизбонон ғизои маънавӣ бахшиданд.
– Ҳоло Самарқанд ба яке аз шаҳрҳои бузургу саодатманди ҷаҳон табдил меёбад, – гуфт ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров, – бештари анҷуманҳои гуногуни байналхалқӣ маҳз дар ҳамин ҷо баргузор мешаванд. 
Чуноне ки Президент таъкид кард, дар 8 моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4,3 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ омадааст, ки аксари онҳо зиёрати Самарқандро афзал донистаанд. Аз ин сабаб хатсайрҳои аэропорти байналхалқӣ аз 46 ба 84 адад расида, дар муддати кӯтоҳ як ҳазору 300 автобуси замонавиро харидорӣ кардем.
– Самарқанд зодгоҳи ман, ҳаёти ман, эҷоди ман, – гуфт шоири мардумии Ӯзбекистон Хуршед Даврон, – бесабаб достони «Хаёли Самарқанд»-ро эҷод накардаам. Солҳои охир мавзӯъи дӯстдоштаи ман зодгоҳам ва бузургони вай аст.
– Суруду таронаҳои бештари ман ба Самарқанд бахшида шудааст, – қабл аз ҳунарнамоӣ гуфт санъаткори номдор Мардон Мавлонов, – охир:
Эй, Самарқанди азиз, 
фахрам, ки фарзанди туам,
Ту саросар қанду ман як 
пораи қанди туам...

 

 

 

 

«ФАСЛҲОИ РУСИЯ» – 
ДАР САМАРҚАНД
Тӯли чаҳор рӯз намояндагони фарҳанг ва санъати Русия меҳмони Самарқанд шуда, бо ҳунари волову ҷолиби диққат таваҷҷуҳи мардуми шаҳри бостонӣ ва сайёҳони хориҷиро ба худ кашиданд, ки солҳои сол дар хотири тамошобинон хоҳад монд. 

Лоиҳаи «Фаслҳои Русия» ғояи маърифатпарвар Сергей Дяглов буда, соли 1908 таъсис ёфт ва дар шуҳратдор шудани он хизмати Фёдор Шаляпин, Анна Павлова, Тамара Карсанина ва садҳо нафар дигарон бузург буда, анъанаҳои миллӣ ва неки гузаштагонро ворисони муносиб идома медиҳанд. 
– Мо бо барномаи нав ва дилнишин ба Самарқанд омадем, – дар вохӯрӣ бо вакилони расонаҳои ахбор иттилоъ дод роҳбари «якканавозони Москва», Ҳунарпешаи мардумии Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Башмет, – намунаҳо аз асарҳои тозабунёди  оҳангсозони машҳур пешкаши мухлисони санъат хоҳад шуд. 
Воқеан, Юрий Абрамович ваъда дод, ки минбаъд дар барномаҳои консертӣ аз асарҳои оҳангсози Самарқанд Манас Левиев низ истифода мекунанд. 
Он бегоҳ дар толори хушҳавои «Айвон»-и шаҳраки абадӣ асарҳои П. Чайковский, А. Вивалдӣ, Э. Григ, В. Мосарт ва дигарон танинандоз гардид. 
– Дар шаҳраки абадӣ баромади дастаи ҳунарии «Лезгинка»-и Доғистон таҳти роҳбарии Ҳунарманди хизматнишондодаи Русия Ҷамбулат Магамедов бо номи «Сулҳ аз байни рақс» низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз ёфт. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: