МУРОҶИАТҲОИ ҶАВОНОНРО ШУНИДАНД

Сардори Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ А. Аҳмадов бо мақсади ҳал кардани мушкилот ва шунидани пешниҳодҳои ҷавонон дар ноҳияҳои Оқдарё ва Булунғур «Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон»-ро ташкил кард.

Дар вохӯриҳо, ки бо иштироки роҳбарони секторҳо ва масъулони ташкилотҳои мутасаддӣ баргузор гардиданд, муроҷиатҳои беш аз 200 нафар ҷавононро роҷеъ ба фароҳам овардани шароит барои соҳибкорӣ, таъмини шуғл, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ шуниданд.
Дар вохӯрие, ки дар ноҳияи Оқдарё баргузор шуд, сардори шуъбаи ноҳиявии Агентии кор бо ҷавонон Маъруфхон Мӯсоев таъкид кард, ки 14 муроҷиати дар вохӯрии соли гузашта баёнкардаи ҷавонон ба таври мусбӣ ҳал шуданд.
– Дар ноҳияамон 35 маҳалла буда, дар онҳо 41 ҳазор нафар ҷавонони аз 14 то 30-сола зиндагӣ мекунанд, – гуфт М. Мӯсоев. – Дар оғози соли равон ҳангоми ба рӯйхат гирифтани ҷавонон 929 нафар ҷавонони тарбияаш вазнин ва 1667 нафар бекор муайян гардида, ба таъмини шуғли онҳо ва таълими касбу ҳунар роҳбарони секторҳо ва масъулони идораҳои ҳуқуқу тартибот вобаста карда шуданд. Инчунин, бо волидайни 768 нафар ҷавононе, ки дар муҳоҷират кор мекунанд, вохӯриҳо гузарондем. Вобаста ба вазъи иҷтимоии ҷавонон «Дафтари ҷавонон» ташаккул дода шуд.
Дар вохӯрӣ ҷавонони оқдарёӣ асосан дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ ва васеъ кардани он, ҷудо кардани замин, сохтани майдончаҳои варзишӣ, кушодани марказҳои таълимӣ ва таъмин бо кор муроҷиат карданд.
Аз ҷумла, сокини маҳаллаи Янгиқишлоқ Самандар Саъдуллоев гуфт, ки дар доираи лоиҳаи «Касбҳои оянда» фаъолияти ба тӯю маросимҳо хидматрасониро роҳандозӣ карда, чор нафар шахсро бо кор таъмин кардааст ва барои гирифтани медиа­таҷҳизот, инчунин дар маҳалла кушодани маркази таълими забони немисӣ кумак пурсид. 
Дар вохӯрӣ бо ҷавонони булунғурӣ низ роҷеъ ба муроҷиатҳои ҷавонон чораҳо муайян гардида, масъулон вобаста карда шуданд. Аз ҷумла, сарвари ҷавонони маҳаллаи Килдон Беҳзод Лапасов ёдрас кард, ки сарварони ҷавонон дар маҳаллаи Янгиқишлоқ «Боғи ҷавонон»-ро ташкил кардаанд, вале он сохтори обёрӣ надорад ва барои иҳота кардани атрофи боғ ёрӣ пурсид. 
– Соли гузашта дар «Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон» барои васеъ кардани маркази таълимии худ кредити имтиёзнок пурсида будам, – гуфт сокини маҳаллаи Оқтеппа Соҷида Турдибекова. – Муроҷиатро ҳал карда, кредит доданд ва ҳоло дар маркази мо 500 нафар ҷавонон таҳсил мегиранд. Акнун бо мақсади дар байни ҷавонон ривоҷ додани IT ва китобхонӣ дар мавзеи «Ӯзбекистони Нав» бо конструксияҳои сабук маркази IT-и замонавӣ ва китобхона ташкил карданро мехоҳам. Бинобар ин, хоҳишмандам барои ҷудо кардани замин ёрӣ диҳед. 
Масъулон лоиҳаҳоро баррасӣ карда, маълум карданд, ки кумак медиҳанд. Агар нақшаи мо амалӣ шавад, ҳар сол то 200 нафар ҷавонон касбҳои IT-ро меомӯзанд.
Сокини маҳаллаи Килдони хурд Шокир Раҳматов изҳор намуд, ки ба қарибӣ аз Русия баргаштааст ва ҳоло бекор аст. Бинобар ин, барои оғози фаъолият мотокултиватор пурсид. Отабек Мамасолиеви янгиободӣ пас аз гирифтани таҳсил дар Куриёи Ҷанубӣ дар ноҳия маркази таълим кушода, ҷавононро бо кор таъмин кардааст. Бинобар ин, барои васеъ кардани фаъолият бинои холӣ пурсид. 
Сарвари садорат арзи ҳар як ҷавонмард ва духтаронро шунида, маълум кард, ки масъалаву мушкилоти онҳоро якҷо бо масъулони дараҷаи вилоят ва ноҳия, идораҳои дахлдор ҳал мекунанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: