ДАР ҒАЛЛАКОРӢ МЕХАНИЗМИ БОЗОР ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Солҳои охир дар кишварамон беш аз 160 корхонаи бузурги хусусии истеҳсоли дон бо иқтидори 3 миллион тонна ба кор шурӯъ кард.

Соли сипаригардида дар мамлакатамон қариб 3,5 миллион тонна орд истеҳсол карда шуд. Аз ин 50 фоизашро корхонаҳои хусусӣ истеҳсол карданд. Имрӯз ҳолати иқтисодиёти бозор тақозо менамояд, ки сохтори истеҳсоли дон беш аз пеш такмил дода шавад. 
Маҷлисе, ки чанде қабл таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, ба зинаи муҳими ислоҳот дар бахши ғаллакорӣ бахшида шуд. Дар он афзун гардондани самарабахшии ҷараёнҳои трансформатсия дар корхонаҳои маҳсулоти донӣ ҳамаҷониба муҳокама гардида, нақшаҳои оянда муайян гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки вақтҳои охир нархи озуқаворӣ дар бозорҳои ҷаҳон бо суръат баланд мешавад. Дар биржаҳои байналхалқӣ нархи 1 тонна гандум  400 долларро ташкил кард, нарх дар муқоиса бо оғози сол ба 30 фоиз зиёд шуд. Барои ноил гардидан ба барқарории нархи наво, дар навбати аввал, зарурати пурра ҷорӣ кардани механизми бозор дар ғаллакорӣ ба миён омада истодааст. Ба ин муносибат дар маҷлис масъалаҳои таъмини манфиатдории фермерон ва тавассути баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд кардани таклифҳо дар бозор байни худ муҳокима гардид.
Дар маҷлис ҳолати ба шароити нави бозор омода набудан ва аз иқтидори истеҳсолии худ пурсамар истифода набурдани 43 корхонаи таркиби ширкати «Ӯздонмаҳсулот», ҳамчунин барҳам надодани ҳолатҳои  тороҷ дар корхонаҳои давлатии истеҳсоли дон зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Сохтори куҳнаи корхонаи давлатии истеҳсоли дон ба ғаллапарварон ва корхонаҳои азнавкоркарди он фоида наоварда истодааст. Президент таъкид намуд, ки халқи Ӯзбекистон ва фермерону деҳқонон дер боз дар орзуи онанд, ки дар мавриди парвариши ғалла фармоиши давлатӣ зина ба зина бекор карда шавад, ҳоло вақти гузоштани қадами муҳим дар ин росто фаро расидааст. Гуфта шуд, ки шурӯъ аз 1 июн дар хариду фурӯши ғалла аз ҷониби давлат нархи бозор риоя карда мешавад. Акнун ба фермер ва кластерон барои ба биржаи савдо баровардани ғаллаи парваришнамудаи худ аз ҷониби давлат имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. Нархи 1 тонна гандуме, ки барои захираи давлат харид карда мешуд, 1 миллиону 550 ҳазор сӯмро ташкил медод, соли равон ин нишондиҳанда 3 миллион сӯмро ташкил хоҳад дод, ки 2 баробар зиёд аст. Ин гуна имкониятҳо ба даромади фермерон меафзояд, даромад, ки зиёд шуд ҳосилнокӣ низ афзоиш меёбад. Ин омили фаровонии бозор ва дасторхони мардуми мост.
Масъалаи муҳими дигар. Акнун бунёди хоҷагии деҳот бино ба эҳтиёҷи хариди 1 миллиону 783 тонна гандум ба биржа бароварда мешавад. Дар ин маврид ба фермерон бо назардошти нархҳое, ки моҳҳои июлу август дар биржа ташаккул ёфтааст, фарқи эҷобии дар байн буда низ пардохт карда мешавад. Соли равон барои ин мақсад аз ҷониби давлат 6 триллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд.
Ба ҷузъ ин, аз гандуме, ки дар ихтиёри фермерон мемонад, 500 ҳазор тоннааш муваққатан барои нигоҳдорӣ ба корхонаҳои истеҳсоли дон қабул карда мешавад ва шурӯъ аз 1 июл бори нахуст худи фермер ва кластерон онро бо нархи бозор ба биржаҳои савдо мебароранд. Дар ин маврид хароҷоти 500 тонна гандум барои нигоҳдорӣ дар корхонаҳои истеҳсоли дон аз ҷониби давлат пардохт карда мешавад.
Ҳамчунин, фермерон барои ҳосили гандуми соли 2022 аз пардохтҳои биржавӣ озод карда мешаванд. Дар соли равон барои ҳосили ғалла ҷамъ 7,6 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Барои одилона, ошкоро ва ба таври бояду шояд кор кардани сохтори нав, ба дасти фермер ва кластерон саривақт ва пурра расидани ҳар як сӯм, пешгирии болоравии нарх ва норасоӣ сохтори назорати «рӯзбаъй» ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Хулоса, вазифаҳое, ки барои рушди соҳа пешбинӣ шудаанд, ба қонеъ гардондани ниёзи аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини бехатарии озуқа ва зиёд кардани даромади фермерон хидмат мекунад.

Ӯрол ӮРОЗБОЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: