ОМОДАГӢ БА ҲАР ГУНА ОБУ ҲАВО

Навъе огоҳем,баъди вохӯрӣ бо Президент роҳбарони ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзтрансгаз», «Ҳудудгазтаъминот», «Ҳудудий электр тармоқлари» ва «Иссиқлик электр стансиялари» ҳисобот доданд ва гуфтанд дар доираи супориши роҳбари давлат аз ҳолатҳои ногувори зимистонгузаронии соли гузашта хулоса бароварда, ба мавсими нав онҳо омодагии ҳарҷониба диданд.

Аз ҷумла, раиси ширкати «Ҳудудгазтаъминот» Баҳодур Эшмуродов таъкид сохт, қубурҳои нави газ, ки кашида шуданд,1151 километр дарозӣ доранд. Ба андозаи 752 километр қубурҳои газ таъмир гашт. 
Назар ба гуфтаи раиси корхонаи нуқтаҳои ҳудудии барқ Улуғбек Мустафоев дар соли 2023 ба сохтори энергетикӣ 14,5 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. То ин вақт аз ҷониби 26 ҳазор ходими соҳа 30 ҳазор километр нуқтаҳои барқии камқувват ва 10 ҳазор адад трансформатор аз таъмир бароварда ва 2500-то трансформатори нав гузошта шуд. Режими кории бистучорсоата ташкил ва 1200-то гурӯҳи таъҷилии корӣ таъсис дода шудааст.
Хулоса, роҳбарони сохтори энергетикӣ ваъда медиҳанд, дар мавсими зимистонгузаронии ҷорӣ  ба ҳар гуна инҷиқиҳои обу ҳаво ва сардӣ омодаанд, ногувории порсола такрор нахоҳад шуд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».        
   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: