Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия пирӯз шуд

Пас аз коркарди 99,01 фоизи протоколҳои интихоботи президентии Русия сарвари феълии давлат Владимир Путин 87,33 фоизи овозҳоро ба даст овард.

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ) хабар медиҳад.

Номзад ва президенти феълии Федератсияи Русия Владимир Путин (худпешбар) 87,33 фоиз, раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба рушди Шарқи Дур ва Арктика Николай Харитонов (ҲКФР) 4,31 фоизи овозҳо, раиси ҲЛДР Леонид Слуцкий - 3,19 фоиз, ноиби спикери Думаи давлатӣ Владислав Даванков ("Одамони нав") - 3,79 фоизи овозҳоро ба даст оварданд,.

Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат гирифт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: