Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббуси сарвари давлатамон роҳандозӣ шудааст, аз ҷониби аҳолии сермиллати кишвар бо рӯҳи баланд пазируфта шуд.
Шӯрои уламоҳои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон бо мақсади дастгирии ташаббуси неку хайр баёнот қабул кард. Бо ҳамин муносибат мо бо ҷонишини раиси идораи оид ба корҳои динии вилояти Самарқанд, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳоҷӣ Яъқубҷон Мансуров суҳбат оростем.
– Домуллои муҳтарам, хабардорем, ки Парвардигор инсонро муътабар дониста, барои ӯ неъмати бебаҳо – табиатро ато карда, эҳтиёт намудан ва мақсаднок истифода бурдани онро фармудааст.
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ҳамду санои бепоён ба Ҳақ таоло. Ана баъд тазаккур дод, ки дар ояти 56-уми сураи «Аъроф» Парвардигор чунин амр мекунад: «Пас аз Заминро коршоям намудан, онро вайрон накунед!». Чунин таъкидҳои илоҳӣ ҳар як инсонро ба неъматҳои табиат муносибати оқилона намудан, атроф-муҳитро тозаю озода нигоҳ доштан, ба мусаффо кардани табиат даъват менамояд. Зеро дини мубини ислом дар қалби ҳар як инсон, ки дар рӯйи замин умргузаронӣ мекунад, масъулияти эъзози табиатро водор месозад.
Ҳоло дар мо фасли зебо, дилнишин ва кишту кори деҳқону парвариши боғу роғи боғбонон ҳукмрон аст. Мақсад – дасторхони мардумро аз неъматҳои боғу замин серобу фаровон кардан мебошад.
Моҳи ноябри соли 2021 дар кишвари мо лоиҳаи оммавии «Макони сабз» эълон гардида, шинондани 200 миллион бех ниҳоли дарахтҳои манзаравӣ ва меванок ба нақша гирифта шуда, танҳо тирамоҳи соли гузашта дар ҳудуди Самарқанд беш аз 12 миллион бех ниҳол парвариш ёфт. Имрӯзҳо самарқандиён аз ҳар лаҳзаи фасли баҳор пурсамар истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки боз 8 миллион бех ниҳол шинонанд. Дар ин кори хайр ташкилоту муассисаҳо, умуман, тамоми мардуми савобталаби Самарқанд саҳми муносиб мегузоранд. Бояд таъкид намуд, ки дар вилоят ғайр аз барқарор кардани собиқ 14 боғи соҳибқирон Амир Темур, инчунин боғҳои нав бунёд мегарданд. Масалан, солҳои сол дар талу баландиҳои Чӯпонато ғайр аз янтоқ ҳеҷ чиз намерӯид. Дар асоси лоиҳаи «Макони сабз» дар ҷамоаи аҳлу тифоқи хоҷагии ҷангали вилоят бо сарварии Зиёдуллохон Ҷамолов қитъа-қитъа ниҳолҳои меваноку манзаравӣ парвариш меёбанд, ки аллакай минтақаи Чӯпонато намуди дигар гирифта, ба меҳмонону мизбонон нашъунамои онҳо кайфияти хуш мебахшад.
Мо, пешвоёни дин низ ба ҳоли қудрат дар маъракаи ободонӣ саҳми хоксоронаи хешро гузоштем. Алалхусус, дар атрофи маҷмӯаи мақбараи ҳадисшиноси машҳури олам Имом ал-Бухорӣ якчанд хиёбону гулгаштҳо, боғҳои истироҳатӣ бунёд мегарданд, ки вакилони ҳар як масҷидҳои ҷомеи вилоят дар ҳашари умумхалқӣ фаъол иштирок менамоянд.
Дар ҳадисе, ки Анас ибн Молик ривоят мекунад, гуфта мешавад, ки Расулуллоҳ алайҳи вассалам чунин гуфтаанд: «Агар ҳар як бандаи муслим ниҳол сабз намояд ё ки бо кишоварзӣ машғул шаваду ҳосилашро парранда, инсон, ё ҳайвон хӯрад, барои он садақа (савобаш) мешавад» (ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Воқеан, парвариши дарахт ба инсон натанҳо дар вақти зиндагӣ, балки пас аз вафоташ ҳам манфиат оварда, то рӯзи қиёмат ба сифати садақаи ҷория ба фоидаи банда хидмат мекунад. Аз ин маълум мешавад, ки Пайғамбарамон (с.а.в.) ба умматҳои хеш ниҳол шинондан ва бо деҳқонию боғбонӣ машғул шуданро тарғибу ташвиқ кардаанд. Ҳатто дар ҳадисе, ки Анас ибн Молик ривоят кардааст, қайд шудааст, ки Пайғамбарамон (с.а.в.) чунин гуфтаанд: «Агар қиёмат-қоим шаваду дар ҳамин вақт дар дасти ягон нафари мо ниҳоли хурмо бошаду ба вай имконияти шинондани он пайдо гардад, ҳатман ба замин халонад». (Ривояти имом Бухорӣ ва Аҳмад).
Бинобар ҳамин, таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳар як шахс бояд дар истиқоматгоҳ, гузару маҳалла, кӯчаву хиёбон ниҳолҳои меваноку сояафкан парвариш намояд, дар вақташ об диҳад, ки аҷру савоби ин амали нек бузург аст.
Шояд мухлисони рӯзнома аз амри соҳибқирон Амир Темур огоҳ ҳастанд, ки таъкид кардааст: «Агар ту хоҳ шоҳ ҳастӣ, хоҳ гадо ниҳол шинонда парвариш карданат лозим!».
Ҳоло камина бо шумо суҳбат карда, ҳикояи аҷибе, ки солҳои таҳсил дар мактаб мутолиа карда будам, ба хотирам расид. Да замони қадим як подшоҳ бо сипоҳиёну амалдорони худ шаҳру деҳотро давр мезад, ки пирамардеро ҳангоми шинондани ниҳол дида бо тамасхур мегӯяд:
– Синнат ба ҷое расидаасту ниҳол парвариш мекунӣ. Оё меваи онро мехӯрӣ?
– Подшоҳи олам, дигарон ниҳол шинониданд, мо аз ҳосилаш баҳраманд гаштем, – ҷавоб медиҳад мӯйсафед, – мо мешинонем, ки дигарон хӯранд.
Ҳозирҷавобии пирамард ба подшоҳ маъқул шуда, ба хазинабон амр медиҳад, ки як халтача тилло ҳадя намояд.
– Ана, ниҳоли ман аллакай ҳосил дод, – хурсанд корашро идома медиҳад боғбони куҳансол, – худатон шоҳид, подшоҳи олам.
Ҳозирҷавобии боғбон ба сарвари давлат хуш омада боз як халтача тилло мебахшад. Пирамард бо ифтихор миннатдории хешро чунин изҳор мекунад:
– Дарахтҳои дигарон дар як сол як маротиба мева диҳад, шукри Худо, ки дарахти ман ду бор ҳосил дод.
Подшоҳ бо завқ тасдиқомез сар ҷунбонда роҳашро идома додааст.
Умуман дар адабиёти мо чунин ривояту ҳикояҳои пандомез хеле фаровонанд.
– Ниҳоят дуои хайри шумо тавассути рӯзнома ба муштариён?
– Илоҳӣ оқибати тадбири оммавии «Макони сабз» бахайру пурбаракот бошад! «Аз нек боғ» гуфтаанд, ки дар ин кори савоб ҳамаи мо саҳмгузор шавем. Ва аъмоли неки мо ҳамчун садақаи ҷория сабт гардад.
Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.