Президенти Ӯзбекистон бо раиси Фонди Роҳи абрешим мулоқот кард

Дар доираи барномаи будубош дар Шэньчжэн Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Фонди Роҳи абрешим Чжу Сзюн вохӯрд.

Ин фонд соли 2014 бо ибтикори Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин барои расондани  кумаки молиявӣ ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар чаҳорчӯби тарҳи “Як камарбанд, як роҳ” таъсис шудааст.

Нақшаҳои муштараки татбиқи лоиҳаҳои ояндадор тавассути истифодаи фаъолонаи имкониятҳои платформаи сармоягузорӣ, ки дар ҳамкорӣ бо фонди дастгирии молиявии кооператсияи саноатӣ ва рушди инфрасохтор таъсис дода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: