Дар Самарқанд дуюмин Форуми таълими Ўзбекистон-Туркия баргузор мегардад

13-14 ноябр дар Самарқанд дуюмин Форуми таълими Ўзбекистон-Туркия баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки дар он намояндагони беш аз 50 донишгоҳи Ӯзбекистон ва 40 донишгоҳи Туркия ширкат кунанд.

Форум ба чунин  мавзӯъҳо аз қабили тавсеаи имконоти ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, барномаҳои табодули донишҷӯён, лоиҳаҳои муштараки пажӯҳишӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои дигари стратегӣ, фароҳам овардани имкони таъмини дурнамои ҷаҳонӣ бахшида хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: