ШУМО ЧӢ МЕГӮЕД?

Бале, муаллим мисли хуршедест, ки бо нури илму маърифат ҷаҳони ботинии шогирдонашро мунаввар месозад ва дар қалби шогирдонаш нисбати илму маърифат меҳру муҳаббат мебахшад.

Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.
Бале, муаллим мисли хуршедест, ки бо нури илму маърифат ҷаҳони ботинии шогирдонашро мунаввар месозад ва дар қалби шогирдонаш нисбати илму маърифат меҳру муҳаббат мебахшад.
Лекин мо имрӯз муаллимонамонро ба таври ҳаққонӣ офтоб гуфта метавонем? Оё ин “офтоб” барои ҳар яки мо азизу мукаррам аст ё на? Оё муаллим ба ҳамон мақоме, ки ба он дода шудааст, мувофиқат мекунад? Афсӯс, ки ба ин савол на ҳамеша “ҳа” гуфта ҷавоб дода метавонем.
Муаллим вақте ба синф медарояд, даҳҳо хонанда ба сӯйи ӯ менигарад. Бинобар ин, муаллим барои ба синф даромадану ба шогирдон чизе гуфтан бояд пешакӣ тайёрии пухта бинад. Тавре бояд ба синф дарояд, ки дар рафтору кирдор вайро шогирдон бо ҳурмати баланд истиқбол гиранд. Охир ба хотираву шуур ва тинати мисли коғаз поки шогирдон ҳама гирудори муаллим – хоҳ мусбӣ, хоҳ манфӣ, сабт меёбад.
Лекин ба назар чунин мерасад, ки алҳол наҳамаи муаллимони мо ба ин нукоти ҷиддӣ эътибор медиҳанд. Мушоҳида мешавад, ки баъзе омӯзгорон ба маданияти либоспушӣ тамоман эътибор намедиҳанд. Бе либоси мактабӣ, бе галстук, бо сару либос ва пояфзори қиматбаҳо, ё баръакс, бо либоси нозеб, пойафзори чангу гардолуд ба мактаб ҳозир мешаванд.
Хусусан, баъзе муаллимаҳо худро бо зару зевар ороста ба мактаб меоянд. Ин рафторашон маданияту маънавияти донишомӯзонро чӣ хел ташаккул медиҳад, дар ин маврид умуман андеша намекунанд. Ҳол он ки муаллим бояд идеали ҳар як хонанда шуда тавонад. Мо, омӯзгорон аз шогирдон пайваста талаб мекунем, ки либоси мактабӣ пӯшанду маданияту маънавияти баландро соҳиб шаванд. Пас, худи мо дар ин роҳ намунаи ибрати онҳо набошем, чӣ хел мешавад?
Хонандаи азиз, банда бар ин ақида ҳастам, ки тамоми сифатҳои муаллим дар маданияти либоспӯшии вай муҷассам аст. Пас, ба маданияти баланди либоспӯшӣ риоя намудани муаллимон кори ҳатмист. Магар ҳамин тавр нест?

Эркиной СУЛТОНОВА,
муллимаи тоифаи олии мактаби 
рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: