Бо ташаббуси сектори дуюм – прокуратураи вилоят бо мақсади омӯхтан, тарғиб ва дастраси авлоди оянда гардондани анъанаю арзишҳои ба худ хос ва тарзи зиндагии маҳаллаи «Маданият»-и ноҳияи Бухоро бори аввал дар шакли нодавлатӣ «Музеии таърихи маданияти ноҳияи Бухоро» созмон ёфта, аз ҷониби Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст.
Экспозитсияи осорхона давраҳои Аморати Бухоро, Иттиҳоди Шӯравӣ, дирӯз ва имрӯзи солҳои истиқлолият, ислоҳоти ин ҷо баамаломадаро дар бар гирифта, онҳо бо ашёҳои гуногуни таърихӣ ғанӣ гардонда шудаанд. Инчунин дар ин ҷо дар бораи шахсони шуҳратманди ин ҳудуд аз қабили деҳқони асил, пахтакори пуртаҷриба, Қаҳрамони Ӯзбекистон Муҳаммад Аҳмедов, чемпиони ҷаҳон, ки даҳ нафар чемпионҳои ҷаҳонро ба воя расондааст — Собир Қурбонов ва дигарон маълумоти зарурӣ пайдо кардан мумкин аст.
Музей, ки дар маҳаллаи «Работиқалмоқ» омодаи фаъолият шудааст, шубҳае нест, ки ба ҷойи дӯстдоштаи мухлисони фарҳанг табдил меёбад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.