ТАҚЛИДИ КӮР-КӮРОНА ЧАРО?

Ба наздикӣ бо як занаки шинос, ки миллаташ лӯлӣ асту ҳафтае як ё ду бор дар кӯчаи мо гадоӣ мекунад, ҳамсуҳбат шудам.

Ӯ дар омади гап гуфт:
– Дар деҳаи мо Баҳром ном ҷавон зиндагӣ мекунад. Муллои қишлоқ аз ӯ талаб кардааст, ки номашро Абдулло ё Муҳаммад гузорад.
Рости гап, алҳол ба гузоштани номҳои арабӣ руҷӯъ кардани мардум касро ба ҳайрат мегузорад.
Аксар ба фарзандашон ҳамин гуна номҳо мегузоранд. Дар як оила, агар панҷ писар бошад, номи ҳамаи онҳо бо Муҳаммад сар мешавад: Муҳаммадалӣ, Муҳаммадсодиқ, Муҳаммадрофеъ, Муҳаммадамин, Муҳаммадсоҳиб. Вале кӣ гуфта метавонад, ки ин номҳо ба пуррагӣ талаффуз мешаванд?
Ба наздикӣ аз тариқи интернет бо маънии баъзе номҳои машҳури арабӣ шинос шудам ва донистам, ки онҳо, агарчи ҷозибадор менамоянд, баъзан бемаънӣ ва гоҳе маъниҳои хандаовар низ доштаанд. Инҷо барои он ки дили соҳибони ин номҳоро озурда накунам, аз шарҳу эзоҳашон истиҳола мекунам.
Вале набояд нодида гирифт, ки айни ҳол ошкору пинҳон аз тарафи баъзе муллотарошон бад кардани  арзишҳои миллӣ ва номҳои қадимаи тоҷикӣ, мисли Ҷамшед, Фирдавс, Баҳром, Фаридун, Сиёвуш, Доро, Манучеҳр, Фирӯз, Рудоба, Гурдофарид, Таҳмина, Фарангис давом дорад. Ба ҷойи он, ки бо таърихи куҳани хеш ифтихор кунем, моро бо гузаштаамон ҷанг меандозанд. Майнаи мардумро заҳролуд карда, нисбат ба номҳои зебои соф тоҷикӣ ҳисси нафрату бадбинӣ бедор мекунонанд.
Магар кӯр-кӯрона номҳои бемаъниву ношиносро ба фарзандон гузоштан бас нест!
Ҳол он ки миллатҳои дигар ба номҳои занонаю мардонаи мо ҳавас мекунанд.
Умедворам, ки рӯзномахонони азиз сари ин масъала андешаҳои худро иброз медоранд.

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА. 
рӯзноманигори собиқадор, 
ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: