КАМ БОШАДУ ХУБ БОШАД

Солҳои истиқлолият дар қатори дигар соҳаҳо кинематографияи миллӣ рушду ривоҷ ёфт.

Ҳуҷҷатҳои қонунии марбут ба соҳа қабулшуда ба пешравии корҳо мусоидат менамоянд. Пуштбони молиявии кино асосан давлат буда, Агентии кинематография дар кор карда баровардани филмҳо, хусусан, сериалҳои миллӣ бо телеканалҳои хусусӣ аз наздик ҳамкорӣ менамояд. 7 апрели соли 2021 фармони роҳбари давлати мо “Дар бораи ба давраи нав баровардани санъат ва саноати кино, боз ҳам такмил додани сохтори аз ҷониби давлат дастгирисозии соҳа” ба имзо расид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат филмҳои бисёрқисматае, ки агентӣ аз нигоҳи молиявӣ пуштбонӣ мекунад, аз гудози муҳокимаҳо бояд гузаронида шаванд. Сериалҳо танҳо баъди тавсияи шӯрои бадеӣ ба сурат бардошта мешаванд.

Дар баробари ҳамин студия ва телеканалҳои хусусӣ ҳуқуқ доранд мустақилона сериалҳо омода сохта ва маҳсулоти худ ба эътибори умум расонанд.
Ҳануз 12 июни соли 2006 қарори Девони Вазирон “Дар бораи барномаи эҷодӣ-истеҳсолии маҷмӯии сериалҳои миллӣ” қабул шуда буд. Дар асоси ҳамин қарор КУД “Ӯзбектелефилм” низоми дохилӣ кор карда баровард. Мувофиқи низом сериалҳои миллӣ дар шӯрои бадеӣ муҳокима ва танҳо беҳтарин асарҳо ба намоиш лоиқ дониста шуданд. Қарори мазкур алъон эътибори худро гум карда ва тавре таъкид сохтем, барои офаридани сериалҳо имкониятҳо васеътар шудааст. 
Акнун на ҳамаи сериалҳое, ки намоиш меёбанд, аз муҳокимаи мутахассисон гузаронида мешаванд. Дар натиҷа миқдори асарҳо афзуд, шабакае намонд, ки пайваста сериали миллӣ нишон надиҳад, дар натиҷа чӣ ранг гирифтани сифат ба ҳар як тамошобини оддӣ маълум.
Агар дар ҳузури ҳар як канал шӯрои бадеӣ вуҷуд медошт, сериали миллӣ, бо вуҷуди он ки асарҳои хуб низ ҳастанд, то ин дараҷа аз назари мардум намеафтид. Ҳаминро низ қайд карда гузаштан лозим, сериалҳое,ки таҳти ҳамкории агентӣ ва телеканалҳои хусусӣ ба навор бардошта шудаанд, як андоза савия доранд.
Таърихи пуршаън доштани синамои мо ба касе сир нест. Дар даврони шӯравӣ пештозиву пешқадамии филмофарони Ӯзбекистон баръало ҳис мегашт. Ба ёд оварем филми бисёрқисматаи телевизионии “Роҳҳои пуроташ”-ро (коргардон Шуҳрат Аббосов), ки нимаи дувуми солҳои ҳафтодум аз тариқи телевизиони марказӣ (Маскав) намоиш ёфта, қалби миллионҳо тамошобинонро тасхир намуд. Дар ҳавасу тақлиди он баъзе халқҳои дигар низ хостанд бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти бузургмардони олами адабиёт ва ҳунарашон ин гуна сериалҳо офаранд. Аммо дастранҷи эҷодии онҳо, ҳарчанд дар телевизиони умумииттифоқ намоиш ёфтанд, чандон ба комёбӣ даст наёфт.
Видеофилмҳо дар бораи ҳаёту роҳи эҷодии шоир ва мутафаккирони бузург Навоию Бобур, ҳамчунин мунаҷҷими шаҳир Мирзо Улуғбек эътибори тамошобинони маҳаллиро ба худ кашиданд. “Навоӣ”, “Осмони ситоразор”, “Хазинаи Улуғбек”, ки дар фонди тиллоии телевизион нигаҳдорӣ мешаванд, ҳанӯз намоиш меёбанд.
“Гирдоб”, “Хонадомод”, “Корҳои дунё”, ки дар асоси асарҳои ҷудогонаи адибони ӯзбек чун филмҳои видеоии бисёрқисмата ба сурат бардошта шудаанд, ҳоло низ ҳамзамонҳоямонро ба худ ҷазб мекунанд.
Аз солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда дар ТВ намоиши сериалҳои хориҷӣ расм гардид. Хусусан, “Канизак Изаура” ва “Бойҳо ҳам мегирянд” барин сериалҳои Амрикои Ҷанубӣ бинандагони зиёд пайдо карданд. Баъдтар “Морена Клара”, “Қаҳваи муҳаббат”, “Асираи дурӯғ”, “Марияи оддияк” “Эсмералда”, “Гвадалупе”, “Камила” барин сериалҳои он тарафи уқёнус эътибори мардуми моро ба худ кашиданд. Ҷопон ва куриёиҳо бо “Ошин”, “Сонатаи зимистон”, “Ҳукмрони баҳр”, “Жумонг”, туркҳо бошанд бо “Кумуш”, “Алия”, “Хонаи войишдор”, айни замон, дар сериалсозӣ чӣ қадар маҳорат доштани худро нишон доданд.   
Чӣ қадар мехостем устодони санъати синамои мо низ дар офаридани сериалҳо аз хориҷиён монданӣ надоштанашонро исбот созанд. Коргардонҳоямон аз паси кор шуда ва паси ҳам филмҳои телевизионии бисёрқисматаи “Кӯчаҳои дил”, “Шайтанат”, “Чархфалак”, “Дунёи қасос”, “Шохобҳои ҳаёт”, “Гули санҷид”, “Аз меҳмонҷонҳо гардам”, “Хоҳарон” ва амсоли онҳо рӯи экран диданд. 
Дар се-чаҳор соли охир сериалсозӣ шиддати тоза ёфт. Дар шабакаҳои гуногуни телевизионӣ “Ниқори зан”, “Ҳомилаи якрав”, “Қодирхон”, “Натарс, эй дил”, “Алӣ ва Алия”, “Мардикорзан” ва ғайраҳо намоиш ёфтанд. Имрӯзҳо қариб дар ҳар як шабакаи телевизиони ватанӣ паиҳам сериалҳои миллӣ намоиш меёбанд, ки дар таъкиди ном ва аниқ кардани шумори онҳо ҳисоб гум мекунед.
Як вақтҳо тамошобин фарорасии вақти намоиши “сериал”-и худро интизор мешуд. Ҳодисаҳо байни мардум муҳокима мешуданд. Баъзе мухлисони ашаддӣ аз барори кори персонажи асосӣ мамнун, аз бебарории ӯ маҳзун шуда, мисле шахси наздикашон бошад, қисмати “қаҳрамони худ”-ро фикр мекарданд, чӣ қадар мехостанд вай ба мурод расад.
Ҳоло-чӣ? Ҳастанд ҳамин хел сериалҳои ҷолиб? Ҳаст шайдои филмҳои бисёрқисматаи миллӣ, ки аз телевизион намоиш меёбанд?
Албатта, гуфтанӣ нестем, ки савияи кулли сериалҳои имрӯза паст ва бинанда надоранд. Аммо сериалҳое, ки “асари воқеии санъат” мебошанд, хеле камшумор. Аксарияти ин гуна осор, ки оинаи нилгунро забт ва банд кардаанд, аз ҳаёти иҷтимоии “мардуми кӯча” ҳикоя мекунанд, воқеаҳо ҷолиби диққат не, аҳамияти тарбиявии намоишро ҳис кардан душвор. Як “детал” дар якчанд сериал бо андак тарзи дигар такрор меёбад. Масалан, сабти пинҳонии видеоӣ ва бо таҳдид аз нафаре, ки асири шайтон шудааст, навъе карда пулрӯёнию ниқорситонӣ.
Як вақтҳо Ӯлмас Умарбеков, Туроб Тӯла, Саид Аҳмад, Муҳаммадҷонов барин сенарийнависони забардаст доштем. Тавре ба назар мерасад ҳоло филмноманависҳои хуб намондаанд. Ин корро ҷавононе мекунанд, ки аз адабиёт ва драматургия фарсахҳо дуранд.
Сабаби асосии зиёд шуда рафтани асарҳои паст маълум. Шӯрои бадеӣ, ки амал намекунад, асари дучоршуда ба экран мебарояд. Тавре метобад мақсад тараққӣ додани синамои миллӣ, ғизои рӯҳӣ, маънавӣ, эстетикӣ бахшидан, пурмазмун гузаронидани вақти бинанда не, балки бошитоб аз паи кор шуда, пул ёфтан. Вақтҳои охир аз зиёд шудани сериалҳои пастсавия ва оқибатҳои нохуби “бизнес”-и экрансозии ҳар гуна намоишҳо матбуот ва нуқтаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб мезананд. Таъкид меёбад намоиш ёфтани саҳнаҳои “бепарда” хоси менталитети мо не. Вале кӣ ба эътибор мегирад инро? Ҳаёҳу, шӯру мағал, додзанон ба якдигар ҳамланамоии занҳо, рӯю мӯйканӣ ва носазогӯиҳои бешармона. Мисле чораи ягонаи ҷалбнамоии тамошобин – фарёдзаниву афту дарафт...
Мешавад, ки як актёр дар якчанд сериал, ки аз шабакаҳои гуногун намоиш меёбанд, дар як вақт нақш бозад. Бино бар ҳамин ҳам гоҳо тамошобин дар ҷудо кардани қаҳрамонҳо душворӣ мекашад. Аксарият актёрон риш мондаанд, гӯё ришгузории имрӯз мӯдшуда бештар тарғиб карда мешавад. Актрисаҳо ба пардозу андоз дода шудаанд. Сериал миллист, аммо эҳтимол бинобар таъсири номатлуби сериалҳои хориҷӣ, асосан тарзи ҳаёти урупоиву “муҳаббати озод” ва бепардаи ба аслияти миллии мо хоснабуда пеши назарамон ҷилвагар мегардад. Нисф бештари аҳолии ҷумҳурии мо дар деҳот, ки аҳли он ба ҳуввияти аҷдодӣ бештар садоқатманд, умр ба сар мебаранд, аммо воқеаҳо асосан дар шаҳрҳо ба вуқӯъ меоянд. Аз ҳама бадаш, дар қисме аз сериалҳо рӯйдодҳо ҳаётӣ не, аз сохта ва рӯякӣ будани сужетҳо табъ мекоҳад. Шаф-шаф бисёр, аз шафтолу дарак не. Тавре ба назар мерасад сериалсозҳо танҳо барои зиёд сохтани серияи (қисмати) “мол”-и худ бо ҳамдигар мусобиқа мекунанд. Касе намегӯяд, сад серия не, даҳ серия офаред, вале ҷолиби диққат офаред, ки кас бинад. 
Назар ба овозаҳо, коргардонҳо баробари таклиф кардани якчанд актёру актрисаҳои маъруф ва ҳунарварони андак таҷрибанок ба шиносу пайвандони хеш, ҳарчанд қобилияти актёрӣ надоранд, нақшҳоро тақсим мекунанд, ки онҳо гонорар талаб намекунанд. Дар “бизнеси сериал”, ки ҳоло авҷ гирифта, мақсади асосӣ даромад аст, ин усул ба коргардон суди бисёр меоварад. Намешавад, ки дар асоси озмун беҳтарин актёрон интихоб карда шаванд. Баҳонаи сериалсозон тайёр – маблағ кифоя нест, маҷбурем ба ҳама ҳам не, ба худиҳо нақшҳоро супорем. 
Модоме дар ин масъала маблағ муаммост, чаро аз рӯи иншои сенарияҳо озмун эълон намекунанд? Бигузор аз рӯи сенарияи ростомада не, аз рӯи беҳтарин сенария, ки дар озмунҳо ғолиб омада ва он асар аз халлоҷии шӯрои бадеӣ гузаштааст, сериал офарида шавад.
Дигар, аз забон ва тарзи баёни қаҳрамони аксар сериалҳо табъ мекоҳад. Бигузор онҳо дар ҷои лозимӣ бо шева ҳарф зананд, аммо касе ҳуқуқ надорад нисбати меъёр ва талаботи забони адабӣ хунукназарӣ намояд.
Чанд сол пеш ҳис мекардем мардуми мо чӣ қадар сериалдӯст. Аммо, тавре дар боло  бо таассуф қайд карда гузаштем, телесериалҳои хуб хеле кам. Умедворем масъулон ба ин масъала ҷиддан муносибат менамоянд. Бигузор камтар кор карда бароварда шаванд сериалҳо, вале хуб бошанд.

Муҳаммадҷон  ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: