Президент Шавкат Мирзиёев бо истифодаи самарабахши қитъаҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд

  • Президент Шавкат Мирзиёев бо истифодаи самарабахши қитъаҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба маҳаллаи Туёқлии ноҳияи Шароф Рашидов рафта, бо шароити зиндагонии аҳолӣ шинос шуд.

Истифодаи иқтидори маҳаллаҳо барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ имрӯз ҷузъи сиёсати давлатӣ мебошад. Қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар ин ҷо ҳамчун яке аз захираҳои самарабахш ва дастрас амал мекунанд.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 марти соли ҷорӣ «Дар бораи тадбирҳои дастгирии истеҳсоли маҳсулот дар хонаводаҳои аҳолӣ бо усули саноатӣ ва ба кор даровардани захираҳои нав дар хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва деҳқонӣ” имкониятҳои калон муайян карда шуданд.

Дар маҳаллаи Туёқли ин ташаббус баръало ба назар мерасад. Ҳар кадоми 678 хонаи истиқоматӣ участкаи боғдории худро дорад, ки майдони умумии онҳо 36 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо дарахтони мева, ангуру сабзавот парвариш карда мешаванд. 314 хоҷагӣ барои парвариши сабзавоту гул гармхонаҳо дорад.

Сарвари давлат аз хонаи сокини маҳаллӣ Абдимӯъмин Каримов дидан кард.

Қитъаи наздиҳавлигии ӯ 14 гектарро ишғол мекунад, ки аз он ҳафттоаш гармхона аст. Дар ин ҷо мурғ, занбури асал ва чорво низ парвариш карда мешавад. Роҳбари хонавода нақл кард, ки аз ҳисоби маҳсулоти боғчаи худ даромадаш соле ба бештар аз 200 миллион сӯм мерасад.

— Чунин мисоли хоси хонавода шаҳодат медиҳад, ки агар дар оила ташаббус бошад, даромади хуб ба даст овардан мумкин аст. Бисёр одамон қитъаҳои шахсӣ доранд ва бисёриҳо мехоҳанд дар онҳо кор кунанд, ба онҳо танҳо дастгирӣ лозим аст. Масалан, ҷалби корхонаҳои маҳаллӣ барои бунёди гармхонаҳо, инчунин додани занбури асал, ниҳолҳо, тухмӣ ҳамчуни пакети ягона бо нархи арзон муҳим аст, — гуфт  Шавкат Мирзиёев.

Президент инчунин бо «ҳафтгонаи маҳалла» мулоқот анҷом дод. Роҳҳои фаъол гардондани  истифодаи захираҳои маҳаллӣ барои зиёд кардани даромади оилаҳо, баланд бардоштани қобилияти харидории онҳо, ки ба сифати ҳаёт, саломатӣ ва инкишофи кӯдакон таъсир мерасонад, юо мусоида ба пешрафти ҷамъият баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: