НОҲИЯИ ӮЗБЕКИСТОН: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

Вилояти Фарғона чаҳор шаҳр ва понздаҳ ноҳияро муттаҳид намудааст.

Яке аз ноҳияҳое, ки дар минтақаи Қӯқанд ҷойгузин гаштааст, ноҳияи Ӯзбекистон мебошад. Маркази маъмурии он шаҳри Яйпан, он аз як шаҳр ва як шаҳрак, 10 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла таркиб ёфтааст. 
Ноҳияи Ӯзбекистон тибқи маълумоти омори соли 2005 бештар аз 182 ҳазор нафар аҳолиро дар худ гунҷоиш додааст, ки интизор меравад, ин рақам ҳоло ҳадди ақал ба 35-40 ҳазор нафар боло рафтааст. Қисмати аъзами аҳолии ноҳияро мардуми ӯзбектабор ташкил мекунанд. Инчунин дар он тоҷикҳо, тоторҳо, русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар низ дар фазои дӯстиву рафоқат ва иттиҳод ба сар мебаранд.
Дар ноҳия аз маъданҳои фоиданок муми санглох, газ, нафт, оҳаксанг, намак, гил, керамзит ва ғайра мавҷуданд. Хоҷагиҳо ва сокинони ноҳияро дарёи Сӯх бо оби ошомиданӣ ва қисман бо оби обёрикунии заминҳои кишт таъмин мекунад. Аз маркази ноҳия Канали Калони Фарғона мегузарад, ки хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ бо истифода аз оби он киштзорҳо ва боғҳои мевадиҳандаро таҳти обёриву парвариш қарор додаанд. 
Асоси иқтисодиёти онро кишти пахта, ғалла, чорводорӣ, пиллапарварӣ ва боғу мевазорҳои беҳадду канор ташкил медиҳанд. Мардуми ҷамоатҳои шаҳрвандони ноҳияи Ӯзбекистон, аз як тараф, бо парвариши сабзавот ва зироат, ангурзорҳои навъу намудҳои гуногуни он маишати хонаводагиашонро таъмин мекунанд. Аз тарафи дигар, онҳо дар корхонаҳои саноатӣ ба кор машғуланд, ки тайи солҳои охир шумораи он рӯ ба афзоиш меоварад.
 Яъне арзи вуҷуд намудани корхонаҳои хурди саноатӣ, микрофирмаҳо ва корхонаҳои дигари муштараку хусусӣ дар болоравии иқтисодиёти ноҳия омили асосӣ шумурда мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Шӯрсув қубурҳои сафолӣ истеҳсол карда мешавад. Корхонаи муштараки ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Кнауф гипс Фергана» варақаҳои гипсокартон ва гаҷ истеҳсол менамояд. Барои бунёди он ширкати мазкур бештар аз 17 миллион доллари амрикоӣ харҷ намудааст. Гуфта мешавад, он варақаҳои гипсокартонӣ ғайр аз он ки дар Ӯзбекистон харидорони зиёди худро дорад, ҳамчунин барои кишварҳои ҳамҷавор – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ маҳсулот содир менамояд.
 Дар айни ҳол ҳаҷми солонаи маҳсулоти тавлиднамудаи ин корхона шонздаҳ миллион метри мукаабро ташкил мекунад. Қарор аст, ки аз рӯи талабот ва эҳтиёҷи муштариён ин корхона ҳаҷми истеҳсоли варақаҳои гипсокартон ва гаҷро беш аз пеш афзоиш диҳад.
 
Маҳаллаи «Сулаймон»– намунаи дигарон

Ин маҳалла аз рӯи меъёрҳои «Хонаи хуб – кӯчаи хуб – маҳаллаи хуб» дар минтақа ҳамчун маҳаллаи намунавӣ эътироф гардидааст. Дар маҳалла дар муддати кӯтоҳ бар асоси меъёрҳои зикргардида ҷиҳати ҳалли мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, мисли коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, инчунин ба маркази тиҷорат табдил додани он корҳои назаррасу манфиатбахш ба анҷом расидаанд. 
– Дар 638 хонаи ин маҳалла беш аз 3 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар ҷараёни корҳои таъмиру тармим 428 ҳавлии он ба куллӣ намои тоза касб намудаанд. Се оила ба хонаи нав кӯчидаву бурёкӯбон карданд. Дар 13 кӯчаи маҳалла 1,5 километр роҳ сангфарш карда шуд, 650 метр роҳҳои нави пиёдагард сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои таъмини мардум бо неруи барқи доимӣ 5,3 километр симҳои нави шабакаи барқи SIP кашида шуда, як трансформатор тармим гардид, – мегӯяд ҳокими ноҳия Шерзодҷон Юлдошев.  Ҳокими ноҳия меафзояд, ки ҳамаи чаҳор дастгоҳи тақсимкунандаи гази табиӣ ва 6,6 километр шабакаи он таҳти таъмир қарор гирифт. 2,6 километр шабакаи нави оби нӯшокӣ кашида шуда, 1 чоҳи нав барои таъмини мардум бо оби нӯшокӣ дар ихтиёри сокинони маҳалла қарор дода шуд. Тақрибан 2 километр ҷӯйбор бетонпӯш карда шуд.
Маълум шуд, ки илова ба ҳамаи ин, дар даромадгоҳи маҳаллаи мазкур пешлавҳаи нав сохта, дастгоҳҳои назорати видеоӣ насб карда шудаанд. Ба ҷойи бинои куҳна дар ин маҳалла «Маскани нурониҳо» ва «Гузари маҳалла»-и нав сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин раванд мактаби таҳсилоти умумии рақами 53-ум куллан таъмир гардида, майдончаи нави варзишӣ арзи вуҷуд намудааст. 

Дар минтақаи дурдасти ноҳия – шукӯҳи «Ӯзбекистони Нав» 

Деҳаи Комилчӯлии ноҳия марбути ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Намуна» мебошад ва он дар бисткилометрӣ аз маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Дар айни ҳол сокинони ин деҳаи дурдастро 500 нафар аҳолӣ ташкил мекунад. Ба манзури беҳбуд бахшидан ба шароити зиндагии мардуми ин ҷамоат ва рушди инфрасохторҳои он як қатор корҳои амалӣ ба фарҷом расидаанд.

Дарвоқеъ, бо ташаббуси мардуми маҳалла баъзе қитъаҳои роҳи байни Комилчӯлӣ ва маркази ноҳия таъмир карда шудааст. Дар доираи лоиҳаи умумиҷумҳуриявии «Макони сабз» комилчӯлиён «Боғи маҳалла»-ро бунёд кардаанд, ки файзу футӯҳи онро бештар афзудааст. Дар рӯзҳои аввали фасли баҳор дар ин ҷо зиёда аз 4 ҳазору 500 бех сафедор ва дарахтони ороишӣ шинонидаанд. 
– Ин амали хайри мардуми деҳа ҳамаи моро хушҳол намуд. Дарқиқат, чунин амалҳои хайр барои беҳбуди ҳифзи муҳити зист ва рафъи як қатор мушкилоти экологӣ мусоидат хоҳанд кард. Мо дар ин деҳа барои беҳбуди вазъи инфрасохторӣ татбиқи чанд лоиҳаро барномарезӣ кардаем. Баъди амалӣ шудани ин лоиҳаҳо деҳа ободу зебо ва кӯчаҳои он сабзу хуррам хоҳанд шуд, – мегӯяд Шерзодҷон Юлдошев.
Ба таъкиди ҳокими ноҳия дар доираи барномаи «Деҳаи обод» дар филиали мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-ум, ки дар ин деҳа ҷойгир аст,  инчунин дар муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 64  корҳои таъмиру тармим анҷом дода шуданд. Бинобар ин, ҷиҳати иҷрои равандҳои марбут ба баланд бардоштани самаранокии таълим дар ҳарду муассиса кормандони он талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Шерзод Юлдошев боз гуфт, ки акнун намои ин муассисаҳо аз ягон муассисаи таълимии дигари ноҳия ақиб нахоҳад монд.  
 Ногуфта намонад, ки дар ин деҳа корхонаи истеҳсоли мебел фаъолият мекунад, ки ба соҳибкори маҳаллӣ Шерназар Мӯъминов тааллуқ дорад. Вай як гурӯҳ занону духтарони деҳаашро ба ин корхона ба кор ҷалб намудааст. 
– Вақте ки лоиҳаи худро ба ҳокими ноҳия пешниҳод кардам, вай онро хушҳолона пазируфт. Баъд имкон фароҳам овард, ки фавран ба кор оғоз кунам. Ҳоло муштариёне пайдо кардаам, ки маҳз бо ин мебелҳои хушсифату хушсохти корхонаи мо хонаву дӯконҳояшонро муҷаҳҳаз мекунанд, – мегӯяд Мӯъминов. 

Дар ноҳия лоиҳаи хос таҳти иҷро қарор гирифтааст

 Ин лоиҳа аз тарафи як ширкати чинӣ анҷом хоҳад пазируфт, ки сармояи умумии он 144 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Лоиҳа бунёди системаи нигаҳдории неруи барқро мадди назар гирифтааст. Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар ин робита бо Алекс Ванг, роҳбари ширкати чинии «Gezhouba Group Overseas Investment Co. LTD» мулоқот кардааст.
 Дар сурати татбиқи ин лоиҳа иҷрои қарори Президент аз моҳи феврали соли равон «Дар бораи татбиқи лоиҳаи сармоягузории «Сохтмони системаи нигоҳдории барқ» бо иқтидори 150 МВт (300 МВт/соат) дар вилояти Фарғона» таъмин хоҳад шуд.
Чиноиҳо аз ҷониби худ ибрози омодагӣ кардаанд, ки дар ояндаи наздик санги таҳкурсии лоиҳаро дар ҳоли мутантан хоҳанд гузошт. Интизор меравад, ки дар ноҳия боз як иншооти бузург арзи вуҷуд намудаву дар он ҷойҳои зиёди шуғл фароҳам оварда мешавад.

Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ синфҳои ҳарбӣ кушода шуданд

Ин синфҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  рақами 21 ва 24-уми ноҳия  кушода шудаанд. Ин синфҳои махсуси «Гвардиячиёни ҷавон» унвон гирифта, барои тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон хеле мусоидат хоҳанд кард. Дар маросими ифтитоҳи чунин синфҳои ҳарбӣ муовини сардори Раёсати Гвардияи миллии вилоят Анварҷон Мӯсинов, намояндагони як қатор ташкилоту идораҳои низомӣ, омӯзгорон ва намояндагони аҳли ҷомеа ширкат варзидаанд.
– Ҳадафи асосӣ аз тарбияи донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар синфҳои ҳарбӣ боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҷодкорӣ, инчунин масунияти зидди ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон мебошад. Вақте ки хонандагони синфҳои ҳарбии «Гвардиячиёни ҷавон» либоси низомӣ ба бар менамоянд, онҳо талош мекунанд, ки нисбат ба ҳамтоёни дигари худ аз ҳар ҷиҳат боинтизом, чаққон, боғайрат ва ҷисмонан бақувват бошанд. Онҳоро боз лозим меояд, ки мунтазам дар машғулиятҳои низомӣ ширкат кунанд ва ҷиддан ба варзиш машғул шаванд, – мегӯяд Мӯсинов.


Занону духтарон ба тарзи ҳаёти солим одат мекунанд

Дар ноҳия ба таҳкими саломатии занон тавассути ташаккули тарзи ҳаёти солим, пайдо кардани мавқеи онҳо дар ҷомеаву оила, ба воя расонидани насли солим, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар оила таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Роҳандозии як қатор чорабиниҳо аз амалӣ намудани чунин барномаҳо шаҳодат медиҳанд. 
 Ба таври мисол, дар маҳаллаи «Шодлик»-и ноҳия таҳти шиори «Варзиш – гарави саломатӣ» байни занону духтарон мусобиқоти варзишӣ баргузор гардидааст. Занону духтарони омӯзгор, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 31 ва 20-ум маҳалла кор мекунанд, инчунин тарбиячиёни муассисаҳои таълими томактабӣ ва занону духтарони ин маҳалла ба мусобиқаҳои варзишӣ даъват карда шудаанд. Маъмулан онҳо байни худ аз рӯи шоҳмот, шашка, волейбол, варзиши сабук, давидан ба масофа ва тенниси рӯи миз мусобиқа намуда, ҳамзамон соҳиби кайфияти аъло шудаанд. 
– Дар заминаи баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ саломатии иштирокчиён беҳбуд меёбад, занону духтарон бо ширкати худ дар мусобиқаҳо ба тарзи ҳаёти солим одат мекунанд, ҳатто ҳангоми тарбияи фарзандон аз ин раванд истифода хоҳанд бурд, – мегӯяд ноиби ҳокими ноҳия, раиси шуъбаи оила ва занон Зулфия Саримсоқова.
Ин чорабиниҳо минбаъд шакли доимиро касб хоҳанд кард ва доираи ширкаткунандагони он боз ҳам фарохтар хоҳад шуд. 

Фестивал шукӯҳи идҳои баҳориро дучанд афзуд

Дар деҳаи Ӯқчӣ бори аввал таҳти унвони «Иди гули зардолу» фестивали эҷодии ҷавонон баргузор гардидааст. Он дар пайи фестивале ба вуқӯъ пайваст, ки чанде муқаддам дар маркази вилоят ба ин ном баргузор шудааст. Дар чорабинӣ намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ аз минтақаҳои гуногуни вилояти Фарғона гирдиҳам омадаанд. Аз ҷумла, рассомону ҳунармандон, овозхонону варзишгарон, донишҷӯёну соҳибони касбу кори гуногун ва як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ  дар он иштирок намуданд. 
Фестивал ба рӯйдоди муҳими умумихалқӣ табдил ёфтааст ва шавқу завқи зиёди теъдоди зиёдро ба бор овардааст Зеро дар зери дарахтони зардолуи ғарқи гул роҳандозии бозиҳои гуногуни варзишӣ, намоиши суратҳову маҳсули дасти аҳли ҳунар, намоишҳои анъанавӣ, ки марбути арзишҳои миллӣ мебошанд, баромадҳои овозхонҳо накҳату шукӯҳи хос хоҳад дошт. Дар як тараф бошад, дорбозон рӯи дор барои тамошобинон ҳунарнамоӣ кардаанд, гурзбардорон бо бардоштани сангҳои вазнин сазовори истиқболи гарми мардум шудаанд. Як гӯрӯҳ кӯдакону наврасон ба ҳаво варакҳои худро парронда, гӯё мусобиқа мекарданд.
 Албатта, ҳамаи ин манзараҳои дилфиребро бидуни тайёркунии неъмати асосии фасли баҳор – суманак тасаввур наметавон кард. Ҳамон рӯз занону духтарон дар атрофи деги калон доиранавозону сурудхонон суманаки наврӯзӣ пухтаанд. 
– Чунин иду шодиёна мезебад ва ин беҳуда нест. Зеро тибқи таомул баробари фаро расидани Баҳор ва Наврӯз тамоми пиру барно ба по мехезанд ва дар ҳашарҳои мардумӣ ширкат мекунанд. Дар байни як ҳафтае, ки сипарӣ гардид, ниҳоли мевадиҳандаву ороишӣ шинонида шуданд. Атроф ободу зебо гардид ва ҳама ҷо намуди идона касб намуд. Мардум итминон доранд, ки амну осоиш ва фазои озоду обод дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамеша барқарор аст, – мегӯяд депутати Палатаи қонунгузорӣ Мавлудахон Хоҷаева. 
 Вай меафзояд, ки ноҳия дар радифи тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ беш аз пеш ободу зебо мешавад, зиндагии мардумаш фаровон мегардад, корхонаҳои нави саноатӣ арзи вуҷуд менамоянд ва дар рушди иқтисодиёт нақши муассир мебозанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: